Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гар таққос кард, тахминҳо зад, хулосаҳо баровард... Шогирдон ин ҳикояти ӯро аз ҳаёти маликкушшуарои асри даҳ чунон бо шавқ ва диққати тамом гӯш карданд, чунон ки дар синф агар магас мепарид, садои онро шунидан мумкин буд.
— Ана, ба ҳамин тариқ шоирону тазкиранависони баъди Рӯдакӣ ӯро нобинои модарзод ё ба ҳар ҳол, дар бачагӣ кӯр гашта мегӯянд, аммо муаррихони сонӣ баъди қариб панҷсад соли вафоташ, аз Давлатшоҳ сар карда, дар охири умр кӯр карданд, гуфтаанд. Акнун худатон хулоса гиред...
Файзалӣ ҳикояти худро ба поён расониду гӯё боз давоми саргузашти шоирро қисса мекарда бошад, як даста дафтарро аз рӯи миз ба даст гирифт.
— Иншоеро, ки ҳафтаи гузашта навишта будед, муаллими пешинаатон фурсати тафтиш наёфта, монда рафтаанд, ман санҷидам. Ба ду нафар баҳои се мондам, дигарҳо ҳама ду гирифтанд. Ана нақли ту, — Файзалӣ ба Назир хитоб карду яке аз дафтарҳоро кушод. — Ба диққат мулоҳиза кун, ба ҷӯраҳоят, ба падару модар нишон деҳ, маслиҳат кун. Агар шарм дорию нишон надиҳӣ, манбаъд саҳватро ислоҳ карда наметавонӣ.
Бубин, саросар аз китоби дарсӣ рӯнавис карда бошӣ ҳам, бисту ду ғалати имло. Вай дафтари бо ранги сурх ислоҳ кардаашро кушода нишон дод. — Ҳатто дар имлои ному фомилият ҳам ғалат кардаӣ. Бачаи саводнок, фақат хушсавод донишманд мешавад. Дар дунё ягон донишманди кӯрсаводро дидӣ?
Занги дарс заданд. Файзалӣ портфели кӯҳнаи донишҷӯиашро гирифта аз синфхона баромад. Ба эҳтироми вай ҳама баробар аз ҷо хестанд.
Он рӯз бори аввал ҳамсинфон Назирро баъди мунозира табрик накарданд, “боб кардӣ” нагуфтанд.
Соли 1977.

пешина
аз 192
навбатӣ