Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Вале ӯ ҳамоно аз тундии бемавридаш пушаймон гашта худро
ба даст гирифт.
— Ин чӣ беадабӣ? Ин ҷо бозор не, мактаб аст. Бозорчиён ин хел дағалбозӣ мекунанд, ҷави худро гандум аст, гӯён
фурӯхтанӣ мешаванд... Додарам, нодонии туро дар ҳузури
ҷӯраҳоят фош кардани ман мушкил не! Беҳтараш ту он хаёли
хомро аз сарат берун кун. Фаҳмидӣ!
— Дӯғ назанед! — аз шасташ гаштани муаллимро ҳис
карду аз ҷои нишасташ шӯрид Назир. — Шумо муаллим
бошед, ба савол ҷавоб битед. Мо ин хел нишон задагиҳора
бисёр дидем.
— Боз ҳамон гап!.. Э, ту расо шилқин будӣ!.. Ман мегӯям,
аммо ту аз гуфтаҳои ман ҳеҷ чиз намефаҳмӣ, зеро китоб
нахондаӣ, бисёр чизҳоро намедонӣ
— Агар надонед, шумо ҳам намедонам гӯед-дия, чӣ сари
мора гаранг мекунед! Шумо мора фиреб медиҳед, ин беадабӣ
нестай?!
Файзалӣ фаҳмид, ки бо авомфиреб ва демогоги ҷавон,
худписанди то имрӯз шохношикастае сару кор дорад. Оҳиста
ба соаташ нигаристу гуфт:
— Хуб, майлаш. Ҳоло аз хусуси Рӯдакӣ ҳикоят мекунам.
Агар бори дигар ба ин тариқ дарсро вайрон кунӣ, ман туро ба
синф роҳ намедиҳам. То даме, ки падарат ба мактаб наояду
гапзанон накунем...
— Мебинем, — зери лаб ғурунгос зад Назир.
Сипас Файзалӣ дар бобати шеъри Рӯдакӣ, ахбороти шоирону тазкиранависони ҳамзамони ӯ ва давраҳои сонӣ, аз хусуси ривоятҳои мухталифи таърих оид ба ҳаёти шоир ва осори вай, тадқиқоти олимони ҷаҳон муфассал ҳикоя кард. Даҳҳо
байт, шеър, санадҳои таърихӣ ва ғайра маълумотро ба якди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё