Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲАМСАФАРОН

Автобуси Душанбе — Вахш дарҳояшро пӯшиду ба роҳ даромад. Охирин мусофире, ки ба мошин ворид гашт, дар таҳи дар истода, ба фазои дохилии автобус менигаристу ҷои холӣ меҷуст. Ӯ як лаҳза диққати ҳамаро ба худ кашид: ба сару рӯи ин марди тахминан 55-сола нигариста намешуд — сураташ куллан сӯхтагӣ, сӯрох-сӯрох буридагию дӯхтагӣ, боз ҳар гуна доғҳо. Гӯё ба рӯяш нахӯд кӯфта бошанд.
Нишастҷои холӣ набуд. Марди сӯхтагирӯй ҳамаро чашм давонда баромаду ба сӯи Сайфиддин-амаку писараш, ки дар радифи дуюм менишастанд, ду-се бор зуд-зуд нигарист, сипас худ ба худ табассум намуду хаёлаш ба куҷоҳое парвоз кард.
Нигоҳ ва табассуми вай аз назари Сайфиддин-амак, ки дар як даст ду асобағалашро дошта меомад, пинҳон намонд. Буруту абрӯвони мошубиринҷашро панҷа зада аз зери чашм ба он мард менигаристу саҳифаи ҳофизаашро варақгардрон мекард, ки дар ҷое бо ин мард шинос ё ҳамсӯҳбат нашудааст? Не, вай дар умраш чунин одами сӯхтагиро бори аввал мебинад. Вай оҳиста бо оринҷаш писарашро, ки саргарми китобхонӣ буд, такон дод ва бо имо фаҳмонд, ки ба марди сӯхтагӣ ҷой диҳад.
Ҷавон монанди пружин ҷаҳида аз ҷояш бархосту он мардро таклифи нишастан кард:
— Бед, амак, бед, бед, бишинед. Бахшиш, нигоҳ накардаам, — ҷавон ӯро ба ҷои худ шинонда, ҳазломез илова кард:
— Интур баландтар сурфа намекунед-чӣ?!
— Э, ҳазор раҳмат, писар, ранги падарат пири бадавлат шаву… сонӣ ёру дӯстатро аз ёд набарор, — гуфт сӯхтагӣ бо овози дуруште, ки ба шӯхии нигоҳаш номувофиқ буд. Баъд вай бо Сайфиддин-амак гарму ҷӯшон вохӯрӣ кард.

пешина
аз 192
навбатӣ