Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Ба ман гӯед... Ман Назирро як бор бандам. Вай ҳамаро мебандам гӯён маст шудаст...
Аз суханони Рашид Файзалӣ хулоса баровард, ки фардо Назир ӯро ҳам мот карданӣ аст. Вай ба Рашид фаҳмонд, ки рафтори Назир аз беақлию камхирадӣ аст. Муаллим одами ҳамадон нест, барои дар хусуси ҳама чиз маълумот додан қомуси махсус ҳаст. Аммо ҳис кард, ки бо ин хел суханон таъсири Назирро аз дили вай сутурдан мушкил аст. Гӯё муаллимон ҳам, мудиру директор ҳам аз Назир метарсидаанд.
Файзалиро мудири илмӣ ба хонандагони синф муаррифӣ кард. Вай суханони ҳар бор ҳангоми шиносо кардани муаллими нав мегуфтагиашро боз гуфт:
— Имсол ба шумо аз адабиёт муаллими ҷавон...
Талабагон сухани ӯро гӯш намекарданд, ба як бор нигоҳи ҳама ба сар то пои Файзалӣ дӯхта шуда буд. Баъд байни шогирдон пичир-пичир, сарҷунбонӣ, китф болокашӣ ва лаббурмакунӣ... Баъзеҳо бо шавқ ба нишони дорулфунун менигаранд... “Ай биниш бикашӣ, ҷонуш мебарод-ку!” Ин суханро Назир гуфт. Ҳа, худи худаш. Файзалӣ аз рӯи тавсифи Рашид бо фаросат ӯро шинохт. Дурусттараш, аз ваҷоҳати кибрнокаш шинохт. Файзалӣ ин хел андоми сангин, нигоҳи тамасхуромез ва пучро фақат дар башараи баъзе навмансабҳо дида буду бас. Ба ин ҷавони гӯлу гумроҳ чӣ хел сироят кардани ин мараз ӯро ҳайрон мекард. Балки ба хонааш аз ҳамин тоифа одамон бисёр омаду рав доранд...
Мудир суханашро ба поён расонда, ба Файзалӣ барор хосту рафт. Файзалӣ лаҳзае хомӯш ба дару девори синф, тахтаю партаҳо, суратҳо, лавҳаҳо, шишаи тирезҳо, сонӣ ягонягон ба рӯи талабагон бо табассум нигариста хонаро гашта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё