Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
шеър бихон.
Рашид сар хорида, хеле зӯр зад, то шеъреро ба ёд оварад,
аммо натавонист ва бо табассум лабонашро инҷ карда, ба рӯи
Файзалӣ нигариста печутоб хӯрдан гирифт.
— Аз синфи чорум инҷониб ҳар сол Рӯдакиву Фирдавсиро мехонӣ, наход як порча шеър надонӣ?! Чанд қирот будани алмоси “Куллинай”-ро донистанат нағз, аммо панди аҷдоди худро донистан заруртар аст, агар инро надонӣ, айб аст,
додар. Мо бо забони Рӯдакиву Фирдавсӣ сухан мекунем...
— Назир ҳам намедонад, — гуфт Рашид баъди хеле сукут сар бардошта ба рӯи Файзалӣ нигариста. Ба назар чунин
менамуд, ки вай барои сафед кардани гуноҳаш санади
мӯътабаре пайдо кардааст.
— Намедонам. Назир чиро медонаду чиро не, аммо ту
бояд бидонӣ. Калон мешавӣ дигар ба Фирдавсихонӣ фурсат
намеёбӣ, китоби бисёре бояд хонӣ, бисёр илмҳоро бояд
бидонӣ...
— Назир ҳеҷ китоб намехонад...
— ...Аммо муаллимро баст!.. Ҳамин тавр гуфтан мехостӣ?
Агар китоб нахонад, Назир дониш надорад. Он гапҳое, ки ӯ
бо он муаллимонро баст мегӯӣ, даъвои беасоси мардуми аз
илму ҳунар бехабар. Баъзе чизҳое, ки ту аз он ҳайрон мешавӣ,
аз ягон намоиши телевизион ба гӯшаш даромадагист. Пор доири хазинаи алмос намоише буд. Калонтарин алмос ба гӯшаш
даромадааст, аммо ман аминам ду сол боз физикаю химия
хонад, ҳам вай таркиби алмос аз чӣ иборат аст, намедонад.
— Алмос аз чӣ иборат аст, шумо медонед? — ногаҳон
савол кард Рашид. Файзалӣ зери лаб бихандиду ба рӯи вай
нигарист.
— Донистану надонистани маро чӣ мекунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё