Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

синаи ман мерасид.
Ногаҳон кабкҳо ҷеғ зада аз якдигар ҷудо шуданд ва тохта ҳар ду ба ду канори давра — ба одамон наздиктар рафтанду чашмонашонро ба боло бардошта, каҷ-каҷ ба осмон менигаристанд.
— Калхот!.. Калхот! — чанд тан якбора аз ҷо бархостанд.
Дар тори сари одамон, дар осмони баланд монанди нуқта паррандае чарх мегашт. Ду тан аз ҷавонон аз давра дуртар рафта ба сӯи он нуқтаи осмонӣ санг андохта, бо таҳдиду ташдид даҳшат карданду он аз болои cap дур шуд.
Кабкҳо якдигарро ба минқор газида чунон баланд меҷаҳиданд, ки баъзан таппас зада пуштнокӣ ба замин меафтоданд. Мардон дар як вазъи ба зоҳир сангин ва беҳис ба ҷанги кабкҳо нигариста шах шудаанд. Дар чеҳраи Сайфӣ табассуми мор гӯё нақш баста. Гардани чӯҷакабк парканда, болотари дум ва паҳлуҳои ҷиғилдонаш ҳам гӯшт гаштаст.
Ман агар аз кабкҷанги аввалӣ дилтанг будам, аз ин ҷанги нобаробар ғазабам меҷӯшид. Аслан, ду ҷонвари бегуноҳро ба ин тариқ ҷанг андохта, парканию чашмкании онҳоро тамошо кардан ва гарав бастан чӣ беақлист!
Одамонро ҳам аслан барои ҳамин хел нияту матлаби ночизе ба ҷанги якдигаркушӣ меандозанд, кишварҳоро хароб мекунанд.
Дигар ба суратгирӣ шавқам набуд, вале боз як бор савол кардам:
— Амаки Муҳаммадраҷаб, суратгиракро биёрам?
— Монед... Сонӣ. Ягон рӯз шуморо ба хона мебарам. Ду кабк дорам, ба ҷанг мемонам, сураташро мегиред. Инҳо... — вай лаби поёнашро газида cap ҷунбонд, ки маънояш авзои инҳо вайрон аст гуфтани ӯ буд. Сонӣ хам шуда ба гӯшам

пешина
аз 192
навбатӣ