Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
пичиррос зад: — Ҳозир чашмашонро хун гирифтагӣ. Қимор...
Бишинед камтар, сонӣ меравем, — гуфт вай дили маро фаҳмидагӣ барин.
Ман бовар кардам, ки ӯ қиморбоз нест ва бар асари нидои виҷдон ба рӯи ӯ нигариста натавониста хомӯш мондам.
Равшан буд, ки вай ба майли ман нигариста рафтанӣ аст.
— Шумо то охир тамошо кунед, ман меравам. Дар бозгашт чӣ мекунед? Мошин мешавад ё биёям?
— Беташвиш бошед, такси зиёд меояд, бемалол меравам.
— Хуб, ташаккур амак, — гуфтам ман оҳиста бархоста.
Барои чӣ ташаккур гуфтам, худам намедонам. Балки барои улфатию раҳбаладӣ ё барои узри бадгумониам... Не, ягон бор ба худашон узр мегӯям.
Соли 1976.
ШАҲРӢ
Ҳамагӣ як моҳ шуд, ки ман дар шаҳр. Ба имтиҳоноти қабули донишгоҳи тиббӣ тайёрӣ мебинам. Тамоми рӯз дар айвони оинабанди хонаи апаам нишаста, масъала ҳал мекунам, иншо менависам… Монанди баъзе бодичаҳо кори ман хондан аст гӯён, даст пеш, даст пеш гирифта, намешинам. Дар рӯзгор ба апаам дастёрӣ мекунам. Ҷиянам Шаҳриро ба боғча бурда овардан — ба ӯҳдаи ман. Акнун язнааму апаам ба корашон ҳар пагоҳӣ, ба қавли худашон, “саросема нашуда, одам барин ношто шикаста” мераванд.
Ман боз баъзе корҳои майда-чуйдаи рӯзгорро ба зимма гирифтаам, ки дар бораи онҳо мавридаш ояд, ҳикоя мекунам.
Ҳоло сухан дар бораи Шаҳрӣ. Ҷиянам шашсола аст. Духтарчаи нозукандом бошад ҳам, серҳаракату пуркор. Як нафас ором нишаста наметавонад. Боз чунон гапдон аст, ки дар як лаҳза майнаамро афшонда, ба дастам медиҳад. Дар шаҳр бачаҳо ҳамин хел гапдон мешаванд-дия, дар деҳа ин тавр не.
Ман ба ҳамин синн даромада, ин хел духтарчаро надидаам.
Мо юнучқаро чӣ хел медаравем, ана, ҳамон тавр гапро даравида, ғарам мекунад!.. Гоҳе ба суханонаш гӯш медиҳаму ҳайрон мешавам: вай, ба назарам, аввал як бор калон шуда, баъд боз хурд шудагӣ барин. Чунон суханоне мегӯяд, ки ҳуш аз сари кас мепарад. Боре дар сари дастархони шом дастам ба биниам расидаст ё не, “тағо, хезед, дастатона шуста бед” гуфт.
Бо қаҳр аз сари дастархон бархестаму рафта, китобамро варақ зада нишастам. Гапа ёд додаанд, аммо нафаҳмондаанд, ки изои мӯъмин ҳаром аст. Адаб ҳам даркор аст-дия! Дар деҳа агар кӯдак калонро изо диҳад, ҳамон замон як торсакӣ мехурад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё