Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

карданд.
— Як кабк будаст, соҳибаш чорсад мепурсад, — гуфт Сайфӣ чашмонашро кашида, ба тарафи Мерган-ака айёрона табассум карда. Вай дар ин гуна мавридҳо як чашмашро пӯшида, бо як чашм ба ҳарифи худ менигарист.
— Чорсадба каклик ҳаст? — баъди ин гап Мерган-ака ба тарафдорони худ рӯ оварда мепурсид. Сипас бо пичир-пичиру имою ишора маслиҳат мекарданд. — Дусад... Агар хоп гӯед, ба дусад каклик ҳаст, мегуфт вай калимаҳои узбекию тоҷикиро ба ҳам омехта.
— Дусад... — пешониашро хорида, бо нохунаш ба замни хат мекашид Сайфӣ. Баъд ба ҳамроҳонаш рӯ меовард: — Дусадба чӣ мегӯед?
Оқибат ҳар ду тараф гаравро ба сесад сӯм фуроварда, пул ғун карданду кабкҳоро ба ҷанг монданд. Вақте ки кабкҳоро аз қафас раҳо карданд, ҳама якбора, “ваҳ” гӯён тааҷҷуб намуданд. Гӯё ба найистон якбора шамол вазида бошад, аз ҷамоат шибир-шибир бархост. Сонӣ овозҳо ҳам баланд шуда:
— Э, ин якташ — филу дигараш — муш-ку!
— Кавкчӯҷаро ба бозӣ мондаст-е!
Як кабки калони шонапаҳн ва як кабки хурдакаки чолок ин дам беамон якдигарро парканӣ мекарданд. Кабки калонҷуссаи синафарох бештар дилпурона ва базарба ҳарба дошт. Аммо ҷасорат ва ғайрати кабки хурд, ки ба рақиби бузургҷусса ва ҷангдида беҳарос муқобилат мекард, аксариятро ба худ моил намуд ва ё ҳиссиёти маъмул — тарафдори хурду очиз будан дар дили ин одамон бедор гашта буд. Ман ҳам аз дилу ҷон хоҳони ғалабаи кабки хурд будам:
ҳар як нӯле, ки кабки калон ба сару гардани вай мезад, гӯё ба

пешина
аз 192
навбатӣ