Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

вонистанд.
Хонаи гург дуртар аз ин ҷо, дар камари ғормонанди зови баланде воқеъ будаст. Мо дуртар аз хонаи дарранда, дар паси харсанге камин гирифтему хеле вақт атрофро мушоҳида кардем. Ёрӣ дурбинашро ба чашм монду кӯҳу пуштаҳоро палмосида дида гуфт:
— Пашша пар намезанад.
Сипас амакам гӯё галаро меронданӣ бошанд, ҳай-ҳай зада фарёд кашиданд.Боз хомӯшӣ. Фақат акси садои он кас дар кӯҳу дара ғулғула афканду гузашт. Боз ҳаёҳу карданд.
— Гург нест. — гуфтанд амакам.
Ёрӣ ҳам аз чашмаш дурбинро гирифта ин суханро такрор кард.
Мо ба сӯи хонаи гург ҳаракат кардем. Ёрӣ камон дар даст посбон монду ману амакам ҷуволу қапқонҳоро гирифта ба камари зов даромадем. Дар пешгоҳи тираи камар панҷ гургбача ғишинг-ғишинг садо мебароварданд. Гургбачаҳо моро дар рӯ ба рӯ дида, ба чор сӯ гурезон шуданд.
— Даҳони ҷуволро дор.
Амакам чортои гургбачаҳоро аз пушти гарданашон гирифта ба ҷувол андохтанд, ду даҳони онро бастанд, сонӣ дар таҳдари хонаи гург се қапқонро пай дар пай хаспӯш карда дар замин ниҳоданд. Занҷири қапқонҳоро ба роғи харсангҳо сахт андармон карданд, ҷое, ки имкон буд, мехи оҳанинашро ба замин кӯфтанд.


Он рӯз гузашт, шабаш ҳам дар деҳаи камодам сукунат
барқарор буд. Рӯзи дигар ман амакамро ташвиқ кардам то
қапқонро хабаргирӣ биравем, вале он кас чӣ чизеро сабаб

пешина
аз 192
навбатӣ