Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аБ ҳ ром Фир ӯ з

Аз ин илтифоти амакам, ки хоҳиши маро инобат карданд, ман бениҳоят хушнуд будам. Ёрию Зорӣ, ҳар яке аз рӯи ақидаи худ, ба ин кӯшиши ман муқобил буданд, аммо амакам хоҳиши худро гузаронданд.
— Агар гургро гирифтан натавонем ҳам, ҳеҷ гап не, ба гала зарар расонда наметавонад. Бачаҳояшро ба деҳа оварданамонро пай намебарад, масофа хеле дур аст. Аз кӯли Фазилмон дар масофаи ду-се фарсанг раҳ як деҳаи мо нест.


Субҳи рӯзи дигар мо — се тан ба се асп савор ҷониби
кӯли Фазилмон роҳ гирифтем. Амакам камони думилаашонро ба китф овехта дар зин чунон озод ва бошукӯҳ менишастанд, ки ман бо ҳавас гаштаю баргашта ба он кас менигаристам. Аспи нағз ва туфанг ба мард чи салобате мебахшад!..
Аммо амакам тимсоли ҳавасангези худро, шояд, сирф пай
намебурданду бо Ёрӣ аз ваҷҳи майда-чуйдаҳои зиндагиашон
сӯҳбат доштанд. Ақидаи ман ин буд, ки инсон бояд дар ин
сурату ваҷоҳат фақат аз диловарию шуҷоатмандиҳо сухан
гӯяд, на аз танқисии читу калӯш ё чойнику пиёла.
Мо аз он ҷое, ки дирӯз қарор карда будем, дусад қадам
барин гузашта, дар зов таваққуф намудем.
— Амак, ман ҳам меравам, хонаи гургро бинам... —
пештар аз он ки фармони интизорӣ бигарам, хоҳиши худро
гуфтам.
— Хайр... Ин тавр бошад, аспҳоро ишкел кардан лозим.
Ёрию амакам зуд ду пои пеши аспҳоро ба арғамчини дар
нӯги лаҷомаш бастагӣ ишкел карданд, ки ҷонварон акнун ба
сахтӣ ҷаҳида-ҷаҳида ҳаракат мекарданду дур рафта намета-

пешина
аз 192
навбатӣ