Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
оварданду гуфтанд, ки рӯзи дигар меравем.
Шаби дуюм торикӣ фуромада-нафуромада мол ҳам, сагон ҳам безобита буданд. Сагон гоҳ ба боми пасти оғилҳо баромада аккос мезаданду гоҳ пешу қафоии молхонаҳоро гирдогирд давида беқарор нула мекашиданд. Модаговҳо бесабаб баос мезаданд, ҳатто аз ҳамешагӣ он шаб камтар шир доданд. Моли реза тӯда гашта гӯшҳояшро сих карда дар кунҷи бехавфтари қӯтан пойкӯбӣ мекарду бинниафшонӣ дошт.
Чӯпонҳо сараввал ба ин нишони безобитагии мол эътибор накарданд. Ҳеҷ гумон надоштанд, ки гург дар атрофи манзили онон мегардад. Сонӣ тамоми шаб сагон валвала карданду молҳо рамида имкони осуда хобидан надоданду онҳо фаҳмиданд, ки гап чисту кор чист.
Саҳари солеҳон Зорӣ амакамро бедор карду гуфт:
— Илоҳи барака ёбед акаҷон, гургбачаҳоро аз он ҷо гирифта бошед, ба ҳамон ҷо бурда монед, ки модаргург катӣ шӯхӣ карда намешавад. Ман аз як чӯпон шунида будам, ки ин исқот аз ҳеҷ бало намегардад.
— Ку, имрӯз рафта қапқона хабар гирам, — гуфтанд амакам чашмонашонро молида-молида. — Модаргург ба қапқон дармондагист...
— Ҳей, аз болои шутур алаф надараведу як бор нигаред, мол шаби дароз хоб накард. Ягон зарар нарасонда дафъ кунед...
Амакам бегоҳӣ дар ғояти парешонӣ аз чарогоҳ баргаштанд. Гург бо чӣ ҳунаре аз ҳамон тангои зов бачаи ягонаашро гирифта бурдаст. Галаро чаридан намондаст. Як аспи беморро танг карда бурда дар ҷорӣ ғалтонда чок кардаст.
Амакам бо Ёрию Зорӣ хеле маслиҳат карданду сипас бегоҳии говгум Ёрӣ қуттиеро, ки гургбачаҳоро дар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё