Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
андохта будем, бардошта аз манзил дуртар бурда монда омад.
Дар ин миён амакаму Зорӣ ҳамаи сагҳоро занҷирбанд карданд.
— Пеш аз хуфтан раҳо мекунем, — гуфтанд амакам дар ҷавоби пурсиши ман. Мон гург бачаҳояшро бараду моро ором гузорад.
— Ба чӣ усул мебарад? Гургбачаҳо дуруст раҳ рафта наметавонанд-ку? — пурсидам.
— Мебарад. Аз болои се қапқон гузаронида бурд-ку!
Ҳамаашро ба як бор газида мебарад исқот...
Сонӣ гӯё худ ба худ иқрор мекарда бошад, гуфтанд:
— Беандеша кор кардам...
Соли 1977.
ҚАСОСИ МОРИ АЙНАКӢ
Ин воқеа дар кӯҳсори дур ба вуқӯъ пайваст.
Мани навкорро ҳеҷ кас назару писанд намекард. Аммо
баъди ин воқеа яку якбора ман ба чашми ҳамкорон намоён
шудам, ҳар рӯз чандин бор аз забони онҳо номамро мешунидам. Пеш аз он ҳамту, “Ҳой, бача” будам, ҳатто табъашон хира ё димоғашон сӯхтагӣ бошад, номи ман “Гаранг” ва ё “Президент” буд. Сабаби баъзе номҳои ман додагиашонро гуфта,
суханро кашол намекунаму ба сари мақсад меоям: Аҳмадакаро мор газиду ман гумон накунед, ҳама медонанд, агар
пурсед, ба як овоз тасдиқ мекунанд.
Гурӯҳи маъданҷӯёни мо шабона ба дараи Ҳаводара
расиданду саросема дар соҳили рӯд хаймаҳоро кашидем.
— Ба об наздик... — гуфт сардорамон Дарвешев
норозиёна сар ҷунбонда.
— Як шаб ҳазор шаб не. Пагоҳ ягон ҷои соз меёбем, —
сардорро хотирҷамъ кард Барака.
Вай нӯги ресмони чодирро ба сангу буттаҳо саросема
мебасту зудтар бистар партофта, бафароғат дароз кашидан
мехост. Ҳазл не, сию чор километр роҳи кӯҳистонро пиёда
гузашта омадем. Аспҳо пурбор буданд, ҳатто Сиҳат-амаки
солдида ҳам бо азоб пиёда омад. Албатта, гурусна ҳам будем,
аммо хастагӣ бештар моро ба бистар мекашид.
— Дар соҳили рӯд хайма задан мумкин? — баъди он ки
Дарвешев гузашта рафт, ман аз Барака пурсидам. Мавқеи ин
саволҳо набуд магар, вай ба ҷои ҷавоб ба тундӣ амр кард:
— Рав, аили аспҳора суст кун, тӯрбара гиру ҷав те!
Як одати Аҳмад-акаро бояд гӯшрас намоям: вай ҳамеша

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё