Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
барвақт ба бистари хоб медаромаду субҳи зуд аз хоб баланд мешуд. Шабҳо ҳамкоронаш гирди чароғи фонус таҷаммӯъ гардида китоб мехонданд, саргузаштгӯӣ ва баҳсу талош карда қартаю домино бозӣ мекарданд ва гоҳ-гоҳе бо пули майда қиморбозӣ ҳам сурат мегирифт, аммо Аҳмад-ака аз ин нишастҳо дар канор монда рӯ ба осмон баланд-баланд хуррок кашида мехобид. Агар гирдиҳамоӣ ба шӯру ғавғо табдил мегашту ба хоби ӯ халал мерасонд, бедор шуда дӯғу пӯписа мекард:
— Ҳой, хап мешаве ё ҳамин чароға бигираму ба сой андозум?! Чида як мусалмона намемоне хов бикуна?! Ба доду фарёд медарое, талхакафуш мкне!
Агар манбаи сарсадо ягон ҷавони дандони Аҳмад мегузаштагӣ бошад, вай аз дашном ва лағадзанӣ ҳам худдорӣ намекард. Ҳамон шаб санг барин шах гашта хобидам.
Вай одатан, бомдод барвақт аз хоб бархоста дасту рӯ мешуст, баъд ба сари чашма рафта, ба қавли Барака “молу мулкашро хабар мегирифт”. Аҳмад гӯшту равғани суғур ва дигар маҳсули аз Ҷари Дарида ҷамъ кардаашро ба шаҳр фиристода бошад ҳам, дар ин ҷо боз як чиз-ним чиз ҷамъ оварда буд.
Саҳарӣ тамоми сокинони бошишгоҳ билофосила аз бистари хоб бо бонги ҷонхароши Аҳмад бедор шуданду бо либоси таҳ ба тарафи сарсадо давиданд. Лаҳзае ман ҳам аз бистар нахеста, ба овози онҳо гӯш додам: аксарияти гурӯҳ дар назди хаймаи мо ғун шудагӣ барин. Ҳодисаеро гарму ҷӯшон муҳокима мекунанд. Ман саросема аз даруни халтабистар баромада либосамро ба бар кардаму худро ба берун задам.
Аҳмад-ака шип-шилта тар, аз сару либосаш об мерехт, рангаш кандагӣ, дарақ-дарақ ларзида ба ҳозирон воқеаро ҳикоя мекард. Ман рафта ба ҳалқаи шунавандагон ҳамроҳ шудаму ҳикояти вай ҳам поён ёфт ва ҳамкорон ба муҳокимаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё