Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

воқеа сар карданд ва ман аз суханони онҳо тафсилоти ҳодисаро зуд сарфаҳм нарафта дилтанг будам. Ба ҳар касе, ки рӯ оварам, “мор” мегуфту чӣ ҳодиса рӯй доданашро намегуфт.
Ба мо маъданҷӯён мор дар ҳар сари қадам дучор мешавад, барои мор ин хел саҳар катӣ ғун намешаванд-ку! Аҳмад-ака чаро ба об афтодаст?
— Э, ту дар куҷо будӣ? Охир ҳамин қадар гуфта истодаанд-ку, мор!
— Мор, мор... Ҳама мегӯяд — мор! Охир мор киро газид?
— Э, худо нигоҳ дорад! Ин мор агар газад, медонӣ, асп ҷо бар ҷо пояша дароз накарда ҷон медиҳад. Мори айнакӣ мегӯянд!
— Хайр, чӣ шуд? Барои чӣ Аҳмад-ака ба об афтод? Чаро алав заданд?
Ман дар гурӯҳи маъданҷӯён одами нав будам, ҳамагӣ ду моҳ боз кор мекунам. Бинобар он маънии бисёр гапу кори онҳоро зуд намефаҳмам. Онҳо ҳам агар ба ман коре фармуданӣ бошанд, аз одати муқаррариашон дигархелтар, фаҳмотар карда гап мезананд.
Воқеа ба тариқи зайл будаст: Аҳмад-ака, аз рӯи одаташ саҳарии барвақт аз хоб бархеста, атрофро давр мезанад. Аз дари чодари мо даҳ метр он сӯтар рӯд, оби зулол ҷорӣ. Ба лаби об сари ду по нишаста ба дастурӯйшӯӣ машғул мегардад.
Ба гӯшаш садои фашшос задани чизе мерасад, аммо эътибор намедиҳад. “Бачаҳо дар чодир хоб буданд, гумонам хурроккашии онҳо бошад”, гуфтааст. Замоне нагузашта боз садоро наздики гӯшаш мешунаваду чӯбу чахси зери пояш ҳам ғижғиж кардагӣ барин мешавад. Баргашта нигарад — мори айнакӣ! Мор лунҷашро мисли бодкунак бод дода, дар баробари гӯши вай қомат рост намуда фашшос мезадаст. Ин

пешина
аз 192
навбатӣ