Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳолро дида, Аҳмад-ака фарёди ҷонкоҳе кашида, чунон хез
задааст, ки қариб чор-панҷ метр дуртар ҷаҳида рост ба
мобайни рӯд рафта меафтад. Ҳамкорон хобу хоболуд аз
чодирҳо тохта мебароянд, ки Аҳмад-ака дар мобайни дарёча...
— Лунҷуш ана, ҳамита пуфак борӣ! — мегуфт Аҳмад бо
дасташ сохти пуфакро карда.
— Хушиқбол будӣ, мори айнакӣ будаст, — гуфт Сиҳатамак, — агар гурза дучор мешуд, ин замон ҷо ба ҷо пой дароз
мекардӣ. Вай исқот кордор нашавӣ ҳам, аз дур худаша ба ту
мезанад. Мори айнакӣ — ҷонвари беозор.
— Гумонам, ту моҳӣ медорӣ, — мегуфт Лёшаи бинидарида, ки бо рацияи вайронаш дар як хаймаи алоҳида буд.
— Не, ман гумон кардаам, ки барои регшӯӣ даромада,
ягон сих тилло ёфтӣ.
— Ман хаёл кардам якбора даҳта гуроз ба чодират зада
даромадаст...
Ҳамкорон бо ҳамин гуна ҳазлу мазоҳ ба сӯи хаймаҳои
худ рафтанду Аҳмад-ака дар сари оташ танҳо монд.
— Ба таги ҳамин харсанг рафт? — наздиктар рафта пурсидам ман.
Вай дар ҷавоб ба аломати тасдиқ сар ҷунбонду ҳеҷ чиз
нагуфт. Ҳис кардам, ки вай маро ба ҳамсӯҳбатӣ лоиқ намешумурад. Бо вуҷуди ин боз пурсидам:
— Сӯхта мемурад ё мебарояд?
Вай ин дафъа ба тарафи ман нигоҳ накарда, китф дарҳам
кашиду боз маводи сӯзандаи чобаро гирдогирди он харсанге,
ки мор даруни хасу хори атрофи он пинҳон гашта буд, рехт.
Харсанги бузург дар коми оташ монда буд. Лаҳзаи
дигар аз миён гузашту хасу хори хушк ва буттаҳои гирди
харсанг сӯхта тамом шуд ва оташ паст гашт.

пешина
аз 192
навбатӣ