Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Бача пояшро ба рикоб намегузаронад, нағз не мегӯянд, — гуфтанду боз хомӯш гаштанд...
Ҳамин ҳам ҷавоб шуд?! Нағз набудааст!.. Сабаби нағз набуданаш ҳаст ё не? Агар надонанд, чаро намедонам намегӯянд, ман ҳайронам. Суқрот бо ҳамон қадар донишмандиаш гуфта будааст, ки ман ҳамин қадарашро медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам. Аммо ин кас, фақат ин кас ҳам не, додом ҳам, муаллимон, директор — ҳама аз намедонам гуфтан чунон метарсанд, ки...
— Барои чӣ “нағз не”? Сабабашро намедонед? — Ба ночор ман боз савол кардам.
Амакам дар тааҷҷуб ба рӯи ман маънидор нигаристанду хомӯш гаштанд. Намедонам дар дил чиҳо мегуфтанд, ман ба рӯяшон нигариста дар чашмонашон асари андешаи амиқ ва завқу шавқ дидаму андаке хотирҷамъ гаштам.
— Раҳматӣ бобот, ту он касро намедонӣ, агар аз пеши гӯристон гузаранд, ҳатман пояшонро аз рикоб мебароварданд.
Сабабашро пурсида будам, гуфта буданд: “Дар пеши ин қадар азизон пой дар рикоб будан аломати ғурур ва калонгирӣ аст”.
Солҳои ҷавонию миёнсолӣ дар назди гӯристон аз асп фуромада, пиёда мегузаштанд. Ҳурмати гузаштагон-дия... Ҳозир поятро аз рикоб барор гуфтанам, маънии дигар дорад: агар асп туро партояду поят дар рикоб набошад, ба замин меафтӣ, замин мебардорад. Хайр даст-пастат шиканад ҳам дарди бахайр аст. Агар поят дар рикоб бошаду аз асп биафтӣ, асп мегурезад, ту кашола мешавӣ.
Мағзи гуфтаҳоро андешида хеле муддат хомӯш будам.
Гала дар марғзори баланкӯҳ, дар атрофи кӯли шаффофи Фазилмон мечарид. Мо Дулдулро аз гала дар канор дар пояи зов ёфтем. Байтал моро дида шеҳа кашиду пештар омада бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё