Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
сӯм...
Салим суханашро ба поён нарасонда “ҳаққашро” бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хӯрданашро ба гумонам худаш ҳам нафаҳмида монд.
— Нокас!.. Дар зоти мо иғвогар набуд, ту аз куҷо ин “ҳунарро” ёд гирифтӣ?!
Салим бо фиғон аз ҳавлӣ берун рафт.
— Чӯпон... чӯпон... гуфт, ки... ту чи хел пионерӣ... ин сагча а-а.... барои рамаи колхоз...
Ман худро сафед кардан хостам, вале падар гӯш кардан нахостанд.
— Ноҷинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дӯстатро фурӯхта бошӣ, ягон рӯз модаратро ҳам мефурӯшӣ!..
Падар ба рӯйи ман чунон бо қаҳру нафрат нигаристанд, ки агар ин лаҳза замини зери поям кафад, рост худро ба роғи он меандохтам. Ҳурмати нон, қасам ба ҷони ҷавонам, агар як не, даҳ торсакӣ зананд, аз ин хел нигаристанашон сад раҳ авлотар буд. Чунин нигоҳи падарро ман дигар ҳаргиз надидам. То ба ҳол, агар нигоҳи ҳамонрӯзинаи он касро ба хотир оварам, баданам виҷиррос мезанад.
Баъд аз ин воқеа ман як ҳақиқати оддиро дарк кардам:
табаҳкориро бо нияти нек пардапӯш кардан кори беҳуда будаст. Аз ин мебарояд, онҳое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наҷот додем, мегӯянд, як рӯз не, як рӯз рӯсияҳӣ мекашанд.
Соли 1976.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё