Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
кушта, гӯшти онро хушк карда мегираду муддатҳо воситаи
дегҷӯшӣ месозад. Очаам барои дам наоварда хушк шудани
гӯшт онро намак зада, шабҳо шаддавор ба чӯб мегузаронданду дар шамолгаҳ меовехтанд... Шабе аз шамоли сахт як лахти
калони гӯшт канда гашта ба замин афтодаст. Алопар то саҳар
дар сари он пораи гӯшти ба замин афтода посбонӣ карда, гурбаҳоро раҳ надодаст. Саҳар очаам аз хоб хезанд, Алопар дар
назди гӯшти афтодагӣ фукаш ба рӯйи ду пояш, аз гӯшт чашм
наканда менишастаст. Очаамро дида, ба назди он кас тохтаст,
баъд ғишингос зада боз ба сари гӯшт рафта воқеаро фаҳмондаст. Аз таҷрибаи солҳои дароз мо медонистем, ки агар Алопар набошад, аз гӯшти ба замин афтодагӣ ному нишон намемонд. Ҳатто баъзе гурбаҳои ганда ҷаҳида гӯштро аз тор гирифта мебурданд.
Алопар саги боақл буд, аммо ман беақлӣ карда онро аз
даст додам. Аслан, аз даст доданам беақлӣ не, баръакс,
пионер бояд ки айнан ҳамин хел амал кунад, мегӯянд
муаллимон. Хайр, рости гап, андаке аз ман ҳам гузашт...
Барои ин то ҳол виҷдонам маро гоҳу бегоҳ дар шиканҷа
гирифта, азоб медиҳад. Ман дигар саг напарвардам. Сагу
сагбача гӯянд, Алопар ба ёдам мерасаду дар як дам вуҷудам
таб мебарорад.
Ҳамон рӯз ману Салим арғамчину табарча гирифтему ба
кӯҳ ҳезумкунӣ рафтем. Алопар ҳам ҳамроҳ буд. Мо ду пуштора ҳезуми хушкро баста, акнун ба роҳ медаромадем, ки аз
пушти ёлаи кӯҳ рамаи колхоз баромаду ду саги хирс барин
барзангӣ аккосзанон ба сӯйи мо тохтанд. Аз тарс саросема
ҳар ду ҳам ба як дарахти арча баромадаем. Бечора Алопар
дар бехи дарахт тарсону ларзон, беҷуръатона ак-ак карда, он
ду балоро пешвоз гирифт. Мо бо доду фарёд чӯпонро ба ёрӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё