Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорад. Азбаски ӯ харобу лоғару рангпарида аст, очаам баъзан аз ман пинҳонӣ ба вай саршир медиҳад. Гурбаи шум барин чанд бор аз хонаи дарун саршир хӯрда, лабонашро лесида баромаданашро дидам. Бо вуҷуди ин, думчаи мурӯд барин гардани борикаш, каллаи ошкаду барин калонашро базӯр дошта истодааст. Амакам мегӯянд, ки биниашро кашӣ, ҷонаш мебарояд. Қувваташ нест, пуф кунед, меғалтад.
Рӯзе ману Салим ба кӯҳ барои ҳезум рафтем. Аз хонаи мо кӯҳ дур не, агар пиёда, бебор равед, яксоата роҳ аст. Сагчаамон Алопар ҳам афтону хезон аз қафоямон рафт. Сагча ҳанӯз хурд буд — думоҳа ё семоҳа. Вақти таваллуди онро намедонем, чунки мо онро аз лойхандақи қафои идораи колхоз ёфтем. Чунон ба лой ҷӯлидагӣ буд, ки чӣ махлуқ будани онро дониста намешуд. Ҳамсояамон Гулсумхола онро “бачаи шағол барин” гуфтанду очаам ҳам ба фикри он кас шарик гаштанд:
— Аз кадом гӯр ёфтӣ, гӯрков? Охир ин шағол...
— Ман не, Салим ёфт, сонӣ ман даромада гирифтам, — аз эҳтиёт ба ин гуноҳ шарик будани додарамро гӯшзад кардам. Кӣ медонад, кор оқибат чӣ ранг мегирад? Баногоҳ ягон гап хезад, гуноҳро тақсим кардан хуб аст. Аълохонӣ ва нимҷонии Салимро дар назар дошта, ҷазоро сабуктар мекунанд ва ё тамоман мебахшанд.
— Агар ин бачаи шағол бошад, шаб очааш кофта мебиёду якта ҳам мурғ намемонад, — тарсонданд очаам. Баъд ба ҷонвари дир-дир ларзида истодагӣ раҳмашон омад магар, гуфтанд: — Ба пеши бобот бар, ку бинанд, чӣ махлуқ аст.
Холаи Гулсум бачаи шағол гуфтанд, гӯй.
Ман он ҷонварро бардошта, ба тарафи ҳавлии бобоям давидам. Салим аз қафоям метохт. Ҳавлии бобоям дур не, дар

пешина
аз 192
навбатӣ