Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Э, гуфтам-да... Ҳушам парид, чиҳо гуфтам, худам ҳам намедонам, — гуфт вай дар ҷавоб бо хиҷолат. Баъд шарҳ дод:
— Ҳамроҳи ҷӯраҳои урус кор мекардем, ҳамин хел мегуфтанд... Шунидагема гуфтам-да.
Ана, баъди ҳамин воқеа лақаби Шариф-амак “Михаил Патапич” гашт. Сонитар “Михаил”-аш ҳам фаромӯш шуду “Патапич” мегуфтагӣ шуданд.

Соли 1975.

ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ

Аз саргузашти рӯзҳои бачагиам бисёр воқеаҳоро ҳикоя кардаам, аммо ин ҳодисаро ҳаргиз ба ёд овардан намехоҳам.
Вале чӣ кор кунам, ки он мудом дар нӯги забонам, шабу рӯз дар сарам ҷӯлидагеш, ҷӯлидагӣ. Шояд, то онро нагӯям, маро аз ин шиканҷа халосӣ нест. Агар гуфтанаш осон мебуд, кайҳо онро мегуфтам, лекин... Ҳар як кори чигил ана ҳамин хел “лекин” дорад. “Лекин”-и ин воқеа як сири намегуфтагӣ. Ҳар сире, ки онро ба кас гуфтед, сир нест. Хуллас, имрӯз ман ин сирро гуфта, аз бори гароне, ки қариб чоряк аср ба дӯши дили бечораам бардошта гаштам, халос мешавам. Хато ва гуноҳ ҳаргиз виҷдони одамиро осуда намегузорад: гӯй, барои чӣ пинҳон мекунӣ гуфта, дилро харошидагеш, харошидагӣ. Ман аз гуфтани ҳақиқат, ҳарчанд ки бисёр талх аст, наметарсам ва шарм ҳам намекунам. Одати ман ҳамин аст: ҳама гапро бояд гӯям. Агар баъзе чизҳоро нагӯям, он ҳам бесабаб не: ё ҳамон воқеа ба гуфтан намеарзад, яъне, ҳақиқати ба мардум нодаркор аст ва ё чунон ки Шайх Саъдӣ овардааст, рости фитнаангез ва зарарнокест, ки аз гуфтан ногуфтани он авло. Қисса кӯтоҳ, он саргузашти нохушамро мегӯям. Ба ҳар ҳол, он ба ман сабақи зиндагӣ гашта буд.
Аввал бояд гӯям, ки дадаам он солҳо ҳозира барин пири хушҳолу чақчақӣ набуданд. Ман агар дадаам гӯям, шумо як марди хода барин дарозу лоғар, чашмонаш дар косахона шиштагӣ, коркун, камгап ва хеле ҷиддию вазнин, ҳатто аз ҳад зиёд ҷиддиро пеши назар оред. Инро ба ман бачаҳо ҳам мегуфтанд. Онҳо ҳаминро ҳам таъна мекарданд: “Дадаат одами бадҷаҳл барин” мегуфтанд. Аммо ман хуб медонам, ки дадаам ҳеҷ гоҳ бадҷаҳл набуданд, фақат кам механдиданд, ҳатто

пешина
аз 192
навбатӣ