Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нок халалдор мекунанд?
Шариф-амак гӯё саволи хирсро медониста бошад дасташро бо тавозӯъ ба сина бурда боз ба зорӣ даромад:
— Полвонҷон!.. Хӯҷаин!.. Балота гирам, Михаил Патапич, мо ба ту кор надорем... Ана, дар дастамон ҳеҷ чиз нест...
Биист, гард... Рав ба раҳат... Мо кор кунем... Мо ба ҳеҷ ҷонвар зиён намерасонем. Бирав, ту ҳам ба пеши бачаю качаат рав. Майдачаат ҳу-ҳув-ҳув... ана ин қадар... — Шариф-амак бо ҳазор хел имою ишора ба хирс аз бачааш ёд меовард, овози хирсбачаҳоро тақлид намуда, мисли бозигар ҳунарнамоӣ мекард ва бо ин ҳама нағмаю найранг дар дили дарранда меҳри бачаашро бедор кардан мехост. — Бирав, акнун хӯҷаин, ба пеши бачаҳоят рав. Ана, милтиқро ҳам шикастӣ, мо дигар ҳеҷ чиз надорем.
Хирси барзангии бӯр суханони саркорро фаҳмидагӣ барин хуб гӯш дод, баъд боз бӯй-бӯй карда, ба безиён будани ин одамон дилпур шуд магар, ба роҳаш қафо гашту рафт.
— Мо ҳам аз бӯи ту безор, — гуфт саркор як нафаси сабук кашида.
Онҳо баъди халосӣ аз хирс, чодиркашон тафсилоти воқеаро қариб як соат барин муҳокима карданд. Аз гуфтаи амак чунин мебарояд, ки хирс аз сангҳои дар натиҷаи таркиш аз осмон афтодагӣ мурданивор тарсидаст ва бо хашму ғазаб ба тарафи мо, ки ӯро нороҳат кардаем, тохтаст. Шариф-амак аз масхарабозиаш бо хирс хиҷолат мекашид.
— Исқот мурданивор тарсида, дар сари ҷаҳл ба тарафи мо тохтагӣ, — мегуфт амак милтиқи шикастагиашро аз назар гузаронда.
— Барои чӣ “Михаил Патапич” гуфтед? “Хӯҷаин” гуфтед? — пурсидам ман.

пешина
аз 192
навбатӣ