Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Ҳар се аз роҳ истоданд. Онҳо аз даҳони ғор ҳамагӣ даҳпонздаҳ метр дур буданд.
– Биё гарав! – Ҳусейн ба сӯи Рашид шумхандае карду ба
Самеъ даст дароз кард. – Гап якта: чӣ қадар хоҳам, меистӣ!
– Меистам! – Самеъ мисли ҳамеша фикр накарда дасти
ӯро гирифт.
– Агар наистӣ, ана, Рашид гувоҳ, ту панҷ сӯм медиҳӣ!
– Медиҳам! Гӯй, чӣ қадар истам?
– Ту даро, ман кай баро гӯям, сонӣ мебароӣ!
– Мана! – Самеъ сарангушташро аз байни ду ангушташ
бароварда нишон дод. – Аҳмақата ёфтӣ!
– Ёфтам!
– Ту аҷаб не, рӯзи душанбе додот катӣ гашта омада
«баро» гӯй? А?
– Инаш – кори ман. Кай хоҳам.
– Ин мумсик чӣ хел гаравбоз шуд гӯён ҳайрон мондам-а!
– И-и, нигаред, гург! – ногаҳ Рашид бо ангушти ишорат
пешгоҳи дараро нишон дода хитоб кард.
– Э, рост, гурге!
Ҳар се тан баробар, дар ҷои истодагиашон шах шуданд.
– Мора надидаст... ҳозир метарсонем, – гуфт Самеъ. –
Баробар ҳуштак мекашем. Ҳа, як, ду, се!
Ҳар се ангушт ба даҳон зада баробар ҳуштак кашиданд.
Сонӣ баробар фарёд заданд:
– Тарси-ид-д!..
Баробари фарёди онҳо як тармаи хурд париду чанг хезонд ва мисли сел аз бағали қулла ба поён ҷорӣ гашт. Бачаҳо
саросема ба қафо гурехтанд. Тарма ҳамагӣ даҳ-понздаҳ қадам
он сӯтар аз ҷои аввал истодагии онҳо сойча катӣ шорида ба
поён рафт. Роҳи даруни сойчаро барфи тоза гӯё мола карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё