Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Э-э, аз тақдиру пешонӣ-да! – гуфт Самеъ оқибат даст
афшонда. – Аз тарма мемурӣ гӯён дар пешониат навиштагӣ
бошад, мемурӣ. Аз қисмат гурехта намешавад, – гуфт ӯ сухани
аз куҳансолони деҳа борҳо шунидагиашро такрор карда.
Ба вай ҳеҷ кас ҷавоб надод. Равшан буд, ки ба сухани
вай ҳеҷ кадоме аз шариконаш ҳамраъй нест. Дарвоқеъ, ҳеҷ кас
дар қисматам навиштагӣ будаст гӯён худро ба таҳи тарма
андохтан намехоҳад, аз ҳама пеш худи Самеъ намехоҳад,
бинобар он, ин баҳси беҳуда чӣ даркор аст.
– Ягон хел асбоби аз тарма халос мекардагӣ набошад, а?
– пурсид Ҳусейн.
– Чӣ хел асбоб мешавад?! Асбоб-пасбобата зада яксон
мекунад, – гуфт дар ҷавоби вай Самеъ, ки одатан ба ҳар
саволе ҷавоби тайёр дошт ва бе ҳеҷ андешаи амиқ ҳар чӣ ба
забонаш ояд, мегуфт.
– Ягон хел асбоб сохтан мумкин будагист, – гуфт Рашид
бо эҳтимол.
– Э, хез-е!
– Масалан... Агар як балонча гази фишурдагӣ бошаду
пуфаки калоне... қутраш панҷо сантиметр ё зиёдтар... Одам
зуд ба ҳаво бардошта мешавад.
– Сонӣ чи хел мефурод?! – Заҳрханда кард Самеъ.
– Оҳиста мефурояд... Газро каме сар медиҳад.
Ба даҳани ғори Саркашон расиданду боз гуфтугузор ба
ин мавзӯъ кӯчид: ҳар яке аз хусуси ин ғори пурасрор донистагию шунидагиашро ба гуфтан шурӯъ кард. Чӣ саргузаштҳои пуриғроқе! Рашид ба ҳунари қиссабофии мардум дар дилаш аҳсан мегуфт. Ба дил мегуфт, ки агар ҳамаи ин саргузашту қиссаҳоро ба навори магнитофон сабт кунанд, китоби
шавқоваре мешавад. Албатта, пӯчоқаш бофтаю хаёл аст, лекин мағзаш ҳикмате дорад. Ана, дар хусуси Зартеппа қисса гӯянд ҳамаашро дурӯғ мегуфтем, чандон дурӯғ набудаст, бостоншиносон хазинаи мардумони пешинро ёфтанд... Одамони замони мо одат кардаанд тамоми гапу кори ба гузашта тааллуқмандро мавҳумот шуморанд. Барои андешаи чуқур фурсат надоранд ё коҳилӣ мекунанд.
Ғор ҳамагӣ аз роҳ бист-сӣ қадам дар канор, ба сӯи раҳгузарон бо як ҷаҳон асрор менигаристу имкон намедод, ки аз наздаш одамон бепарво гузаранд. Албатта, ҳар яке аз ин се тан аз ин роҳ ҳамроҳи падар ё дигар наздику пайвандонаш гузашта буд, вале мисли ҳозира ба майли худ, ҳамроҳи ҳамсолон нагузашта буд, то ки аз даҳани он ақаллан як бор ба дарунаш нигарад. Калонсолон ба ғор наздик шудан намехостанд ва ба бачаҳо ҳам иҷозат намедоданд, то ҳисси кунҷковиашонро қонеъ кунанд. Онҳо аз ин ғор касофатҳо дида буданд, балки аз ҳамин сабаб ба он рағбате надоштанд. Вале бачаҳо ба ҷуз саргузаштҳои пурмуҳоботи онон аз ин мӯҷизаи табиат ҳанӯз ҳеҷ накбате надида буданд. Ба ғайр аз ин, Самеъ баринҳо таърих ва ривояти гузаштаро афсонае беш намешумурданд ва ба саргузашти мардуми солдида низ эътимоде надоштанд.
«Ту ба ман аз рӯи газит гап назан», мегуфт вай дар ҷавоби онҳое, ки ҳақиқати воқеаро ба вай талқин мекарданд.
Ҳоло Самеъ бо ғурур ба ҳамроҳонаш рӯ оварда довталабӣ дошт:
– Кӣ ман катӣ гарав мебандад?.. Аз панҷ сӯм гарав – ба ҳамин ғор даромада мебаром!
– Ҳамин ҳам ҷасорат шуд?! Ман ҳам аз дараш ба дарун пой мемонаму гашта мебароям, – гуфт дар ҷавоби вай Рашид.
– Не, ман чӣ қадар хоҳед, меистам, – далертар мегашт Самеъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё