Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гузашт.
Се тан бо чашми ҳайрат ва даҳони боз сели барфро нигариста лаҳзае шах шуданд.
– Бед, як кор кунем, – пешниҳод кард Самеъ. – Оҳиста гузашта ба даруни ғор руст мешавему пайи поямона шох кашида нест мекунем. Ку, бинем, Усто-Наҷоту Ҳақназари Ҷувозкаш чӣ мекунанд. А? Рафтем.
Онҳо рӯи паи пои якдигар пой монда аз раҳи тарма гузаштанду Самеъ шохи бодомеро шикаста ба рӯи барф кашола карду паи пойро нест намуд. Сонӣ ҳар се пешу қафо ба ғор даромаданд.
– Эҳ-ҳе, расо калон будаст-ку! Хона барин-е!..
Сухани Самеъ дар даҳонаш монд. Садои даҳшатангези аз теға ҷудо шудани тармаи азим гӯё замину замонро ларзонд.
Онҳо як қад парида аз даҳони ғор ба кӯҳ нигаристанд ва ҳамоно худро ба дарун гирифтанд.

Б о б и д у ю м

Дар зиндони табиат

Ба онҳо чунин намуд, ки гӯё қувваи номаълуме онҳоро бардошта ба дарун ғурронд. Замин чаппаю роста шудагӣ барин, дар назарашон чарх зад, садои гӯшкаркунандае, зарбаи мудҳише... Гӯё дар хоби шаб онҳоро сиёҳӣ пахш карда бошад.
Баъд хомӯшии аз даҳшати садои тарма ҳам мудҳиштаре ба миён омад.
Лаҳзае дигар аз миён гузашт ва ҳар яке андаке ба худ омада менолид, аммо ҳеҷ яке ҳанӯз сарфаҳм намерафт, ки ин ҳама даҳшатро дар хоб мебинад ва ё воқеӣ аст. Онҳо чашм кушода ҳама ҷоро дар торикии зулмат диданду бештар ба ваҳм

пешина
аз 192
навбатӣ