Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
худ мояи фахр медонистанд. Аммо ногаҳон бахт аз вай
баргашту пешпо хӯрд. Як ҷавони ба ду пул
намеарзидагӣ хархаша бардошта, айши ӯро талх кард.
Аз одам бахт агар баргардад, ҳамин тавр мешудаст, —
мегуфт ӯ. Нотавонбину бахил миёни ӯро шикаст. Як
бачаи косагадо-я! Дар ноомади кор атола дандон
шиканад мегӯянд, сад фоиз дуруст будаст. Дар назар
ҷавони қобилу гапдаро менамуд, бинобар он ӯро дар
магазин сардори гурӯҳи назорати халқӣ таъин кард. Аз
миён се-чор моҳ нагузашта ҷавон аз худ рафт, дар кори
ҳама нуқсон ёфта, ба мудир пешхезӣ намуда, ба рӯяш
давидан гирифт. Худро бо саг дар як ҷувол андохта,
будасту бехабар. Магазини калон бе ҷанҷолу ханҷол
мешавад магар? Фурӯшандаҳо ҳар рӯз ҳазор хел одам
катӣ муомила доранд. Харидори инҷиқе тухми андаке
пачақро намегирам гӯяд, фурӯшанда ҳам ба ҷонаш
расида, он тухмро ба сӯи вай ғуррондаст, яктааш сад
грамм макарон ё конфетро кам додаст. Хулоса, ин
ҷавон, ман ҳомии адолатам гӯён, ҳамаи ин майдачуйдаҳоро дафтар карда, сари ҳамаро ба дард овард.
Аксар аз ӯ безор шуданд, ҳатто аз кори магазин
гурехтанӣ буданд. «Ба дигар магазинҳо назорати
халқию обехес соле як-ду бор андармон шавад, ба мо
ҳар рӯз» мегуфтанд онҳо бо шикоят ба назди мудир
омада, Исмоил охири солро нигарон нашуда, ночор
кори гурӯҳи назорати халқиро ба муҳокима гузошт ва
онро ғайриқаноатбахш бароварду магазинро аз ин
балои худӣ халос кард. Дигар дар ин магазин кор
кардани он ҷавон барои ӯ хатарнок менамуд. Ариза
навису ба хоҳиши худ бирав гуфт, аммо ҷавони якрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё