Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Даркор не! — Вай тӯҳфаро баргашта ба ҷавонзан дароз кард, аммо вай аллакай дар паҳлӯяш набуд.— Тӯҳфаатонро гиред! — Занҷир бо шаст онро ба сӯи зан партофт.
Садои пӯшидани дарҳои мошин ба гӯши вай расид, баъд якбора «Волга» ғурриду чароғакҳояшро дарнагиронда, бо шаст ба роҳ даромад ва дар тирагии говгуми бегоҳон аз назар ғоиб шуд.

  1. Амаки Исмоил

Падару модар ва хешовандони наздики Кабир — ҳама одамони аз соҳаи илм ва ихтисоси замонавӣ барин касбу корҳо дур буданд ва дар инчунин арса машғул гаштани фарзандонашонро чандон хоҳиш надоштанд.
Падараш Исмоил пас аз чанд воқиаи бебарориаш, ки буду нобуди вайро, ба қавли худаш ба бод дода буд, ба ҳар навъ писарро дорои дипломи донишгоҳи олӣ дидан мехост, зеро диплом надоштанаш дар зиндагӣ ба вай сахт асар карда буд.
Соле, ки Кабир мактаби миёнаро хатм кард, амаки Исмоил дар як магазини калон гӯштфурӯш буд. Аз шӯъбаи гӯшт, албатта қаноатманд буд, лекин ду сол пеш аз ин вай мудири он магазини калон, аз тоифаи онҳое буд, ки хурду калони шаҳр «ин ҷо биё, ин ҷо гузар»
мегӯянд. Он рӯзҳо дахлаш — оби равон барин, бахташ ҳам, табъаш ҳам хандон, ҳукмаш ба хурду калон мегузашт, мардум «амаки Исмоил» гӯён ба наздаш меомаданд, «ба мо ягон хизмат надоред» гӯён мепурсиданд ва агар аз ӯ хоҳишеву талабе бигиранд, ба

пешина
аз 538
навбатӣ