Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Пӯсткандаи гап ин ки беҳуда сари ин бачаро гаранг карда нагард, духтар. Ин гӯсолача бо он одаме, ки талабгори ту аст, сар ба калла зада наметавонад. Ту духтари боақлу ҳуш, ҳоҷати ин нағзу он бад гуфта фаҳмонданам нест. Ин бача ба нохуни он мард баробар намешавад. Вай марди мардон куҷою ин бодичаи фиси биниашро пок карда наметавонистагӣ куҷо!.. Бечора мардак туро чунон нағз дидаст, ки тайёр аст барои ту аз баҳри ҳама чиз барояд. Гап ҳамин:
бахтатро пешпо назан, беақлӣ накун, ҳаётатро нашикан, духтар, фаҳмидӣ?.. Ба ман нигар, охир Бадалбек аз он бачаи кафангадоят хушруйтар-ку, бефаҳм!..
Ба ин тарз ту-тукунон омирона сухан кардани ин ҷавонзан Занҷирро ҳайрон карду дарҳол ба ӯ ҷавоб гуфта натавонист.
— Ҳеҷ нафаҳмидам...
— Худро ба гӯлӣ назан, духтар, — муйбурида зуд сухани ӯро бурид. Ҳамаашро хуб фаҳмидӣ. Боз мегӯям:
беақлӣ накун! Ба ҷони ҷавонат ҷабр мешавад. Вай агар хоҳад, дар як шаб туро бурда ба бағалаш меандозанд.
Ҳа... Шукр кун, шоҳдухтар барин зиндагӣ мекунӣ. Ба гапи ҳар кас даромада, аҳмақ нашав. Бадалбек туро аз ҷонаш азиз медорад, дигар кас, агар дар сараш ҳафт шох дошта бошад ҳам, туро гирифта наметавонад, дониста мон! Либосҳои тӯҳфаашро пӯш. Ма, ин рӯмоли ҷопонӣ ба ту, — ҷавонзан тӯҳфаи коғазпечро рӯи зонуи Занҷир ниҳод. — Агар ба вай расӣ, ҳам худат, ҳам падару модарат осуда...
Занҷир аз ин гапу корҳо тамоман саргаранг, ҳушашро ба сар ҷамъ карда наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё