Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ту ҷавони навқирон, вақту бевақт моро дар ғафлат дида, ба хобгоҳ надаро! Рӯз бегаҳ мешавад, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Бори дигар берухсат дароӣ, ба директор мегӯям. Зуд бирав.
— Ман бегона не, ба назди ҳамкорон омадам.
— Ин ҷо хобгоҳи духтарон аст, беиҷозат даромадани мардон — манъ! Фаҳмидӣ? — Катя-хола бо зарда дарро пӯшид.
Кабир дар хиҷолат монду сурх шуд ва ночор хайрухуш карду рафт.
Дар таҳдари хобгоҳ Занҷир ҳамон ҷавонзани муйбуридаро, ки ним соат пеш аз ин дарро нимроғ карда, нигариста буд, нигарон дида, тааҷҷуб кард.
— Шумо маро меҷустед?
— Ҳа, гардам. Дар пешатон одам буд, надаромадам.
— Ӯ даст дода бо Занҷир ҳолҷӯӣ кард. — Бед, ҳу, дар хараки таҳи чинор нишаста, гапзанон кунем. Ман ду даҳан ба шумо гап дорам, гардам. Ба фоидаи шумо.
Ҳайрон нашавед.
— Шумо кистед, ман намешиносам.
— Ҳозир ҳамаашро мегӯям.
Занҷир ба ҷавонзани ношинос зеҳн монда нигарист.
Сару либосаш — ҳама аврупоӣ, орою торояш ҳам, пӯсти рӯяш дурушт, ҳатто таҳи пӯсташ майхораҳо барин кабудча метофт, ба кас чашмони сиёҳи калонкалонаш худбоварона менигаристанд.
— Занҷир, сухани маро ба диққат гӯш кун, — гуфт ӯ баъди дар харак нишастан, — Кию чи кора будани ман аҳамияте надорад, маро донистани ту зарур не. Агар даркор шавӣ, ман доим туро меёбам. Аз ҳар як қадами ту бохабарем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё