Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Барои чӣ? Чӣ мақсад катӣ?
— Дар таҳи дарвозаи фабрика борҳо роҳамро мепоид. Ман ба суханаш гӯш накарда гурехтам.
Натарсед, ба ин ҷо наомадаст. Сонӣ ҳазломез илова кард: — Хуб, ба ин ҷо биёяд чӣ? Ана, шумо омадед, ҳеҷ гап нашуд- ку. Ин қадар тарсидед? — бо ин ҳазлҳо аслан, Занҷир ба Кабир гилагузорӣ дошт.
Аз он ки Кабир ба дурустии суханони ӯ бовар надорад, Занҷир ботинан алам мекашид. Аз он заҷр мекашид, ки бегуноҳии худро ҳаргиз ба вай собит карда наметавонад.
— Ту ҳаргиз парешон нашав, — Кабир боз ба духтар «ту» гӯён хитоб кард ва равшан буд, ки ин ба ӯ хуш меояд. — Ман мегардам, мефаҳмам, илоҷашро ёфта, коре мекунам, ки... Дар дили ту, азизам, алами нотавонии он рӯзинаат намонад.
Дар чашмони Занҷир шарорае гӯё чароғак зад, дар чеҳрааш шодмонии беғубор гул кард, лабонаш ба табассуми ширини хушбахтона моил шуданд. Табассуми вай чунон ширину беғаш буд, ки ҳар инсоне ба он ночор бо табассум ҷавоб медод. Аз як назар кас бовар мекард, ки дар дили ӯ норостие пинҳон нест, ӯро ранҷонидан, фирефтан уболи сахт аст, ӯро дӯстдор набудан, аз ӯ даргузашта, дигареро тарҷеҳ кардан ғайриимкон аст.
Дарбони хобгоҳ Катя-хола дарро кушода, ба ҳар ду як-як нигаристу баъд ба Занҷир рӯ оварда гуфт, ки кадом як хешовандат омадаст, туро кофта наёфт, дар поён нигарон аст. Сонӣ ӯ ба Кабир рӯ оварда гуфт:

пешина
аз 538
навбатӣ