Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нахост. Дигар бачаҳо ҳамин, ки мудир катӣ гапашон қӯр нагирифт, худашон ариза дода мерафтанд. Исмоил ночор ду-се гуноҳро ба гарданаш дайн карду ӯро аз кор биронд. Одами ганда катӣ баробар нашав мегуфтанд, рост будаст. Дар боло ягон касаш будаст магар, ки бача ғавғоро то назорати халқии республика, суду прокуратура бурд. Ӯро ба кор барқарор карданд, шаш моҳа муздашро рӯёнда доданду бо ҳамин магазин аз дасти Исмоил рафт. Якбора қассоби оддӣ шуду монд.
Дигар ба вай магазин надоданд, дипломат нест гуфта баҳона карданд. Агар мудири магазин мебуд, Исмоил писарро ба ҳуқуқшиносӣ ё ҳеҷ набошад, ба иқтисодиёти савдо хононданӣ буд.
Ҳамкорон дар байни харидорони ӯ як марди мӯйсафедро муаллими донишгоҳ гуфтанду Исмоил бо ӯ шинос шуд ва як соли расо бенавбат гӯшти беустухон дода, дилҷӯӣ кард, аммо он муаллим илтимоси ӯро аз хусуси писараш шунида, «ман дар имтиҳон нестам, лекин шиносҳо ҳастанд, вақти имтиҳон расад, мебинем»
гуфту рафт. Исмоил ба ин хел савдои насья хушаш набуд. Як ошнояш аз универмаг пор факультети иқтисодиро гӯру бало карда ғоибона тамом карда буд.
Исмоил барои маслиҳат ба назди вай рафту ба тавассути ӯ бо ду нафар муаллим шиносо гашт, ба онҳо зиёфат доду сонӣ Кабирро ба зиммаашон партофт «Ман дар хизмати шумо...» гӯён дилашонро пур кард.
Аммо ба курси савдо ҳама бачаҳои пушташон зӯр омада будаанд, онҳо дукаса зӯр зананд ҳам, дохил карда натавонистанд. Ана, ба ҳамин тариқ Кабир ба ночор иқтисодчии корхона шуд.

пешина
аз 538
навбатӣ