Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Кабир кинояи тунд ва оҳанги аламноки гуфтаҳои ӯро нафаҳмид ва ё пайхас карда бошад ҳам, эътибор надод.
Аз ин гуна беэътиноӣ духтар беш аз ҳама оташин шуданашро намедонист. Ба ғайр аз ин, Занҷир чашмдор буд, ки ҷавон саргузашти ӯро шунида, ҳеҷ набошад «ҳамин ҳам гап шуд!» гӯён барои тасаллии ӯ хандида даст меафшонад. Аммо баръакс, дар банди шубҳа дармондани Кабир ба дили вай теғ зад, ҷароҳати синаашро намак пошид. Кабир ҳим-ҳимкунон хеле вақт дар хона пасу пеш қадам зад. Сонӣ манаҳашро дошта, мутафаккирона хомӯш монд ва оқибат пурсид:
— Кӣ вай? Ному фомилиаш чӣ? Батафсилтар гӯед. — Вай шубҳаомез ба чашми Занҷир менигарист, вале зуд чизи дигаре гуфт: — Боварам намеояд. Шумо ин хел духтар не. Батафсилтар гӯед. Ӯро дӯст медоштед?.. Яъне, гуфтанӣ будам, ки моил будед? Худ аз худ вай аз шумо умедвор намешавад-ку.
Ин суханон ба дили маҷрӯҳи духтар намаксой гаштанду ногаҳон дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Вай аз ҷояш бархосту ба назди каташ рафта, рӯмолча гирифт.
Кабир зуд бархост ва аз машраба ба пиёла об рехта ба вай дод, як-ду суханони таскинбахш гуфт. Лаҳзае дигар аз миён гузашту Занҷир оромиш ёфт ва хиҷолатомез табассум кард. Баъд худ аз худ якбора ба сухан даромаду аз хусуси Бадалбек ва муомилаи ӯ ҳар чӣ медонист, ҳикоят кард. Ба назар чунин менамуд, ки дигар хомӯш будан наметавонад, ҳар чӣ зудтар ҳамаро гуфта, ин бори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё