Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инчунин зорӣ ва хоҳишмандии пурисрори вай дили духтарро рам дод. «Миҷингу майдагап будаст, — гуфт ӯ ба дил. — Ҷавони илмнок ҳам ин хел мешудааст-дия.
Сонитар, ҷояш ояд, мегуфтам ё мепурсид. Ба қадатон мувофиқ қад ёбед ҳам, ба дилатон мувофиқ дил намеёфтаед. Хайр, аслан ба вай ҳам айб мондан аз инсоф не, — лаҳзае баъд боз ӯро сафед мекард Занҷир.
— Агар дар ҷои вай ин дам худам бошам ҳам, таҳковӣ мекардам. Аслан, ба ин ҷавон чаро ин қадар айб мемонам?! Дар дуньё одами бенуқсон нест. Кабир сифатҳои хуб ҳам дорад, ҷои суст ҳам. Ислоҳ кардан мумкин аст. Бибиам мегуфтанд, ки агар духтар нағзу бадро озмуда, чашми ақлаш кушода шавад, шавҳар хуш карданаш мушкил мешавад...»
Кабир хоҳиши худро ба исрор такрор мекард. Занҷир бо як-ду сухан иқтифо кардан хост, вале ҷавон таҳковӣ карда, табъи ӯро коҳиш дод. Оқибат Занҷир бо дили нохоҳам ирода кард, ки мухтасар он саргузашташро бигӯяд. Ӯ аз он хусус ҳикоя мекарду ботинан ҳам ба худ, ҳам ба Кабир ғазабаш меҷӯшиду худро ҳақиру ночиз медид. Баъд аз дилаш гузашт, ки ӯ ғайриихтиёр бозичаи дасти ин ҷавони начандон дурандеш гардидааст.
Бинобар он, вай заҳри аламашро бо ин суханони охирин ба Кабир пошид:
— Ана, ҳамааш ҳамин аст. Кофӣ? Хотиратон ҷамъ шуд? Бовар намекунед? Дуруст. Бовариро ба қарз, намегиранд, гадоӣ намекунанд, ақидаи ҳар кас ба қадри ҳимматаш. Ман гумон мекардам, ки дили ҳамаи одамон дили ман барин, барои ҳамаи бандагонаш худо гӯям ё табиат як хел дил додаст, фақат забону фикрашон дигар аст, аммо ин тавр набудаст.

пешина
аз 538
навбатӣ