Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гаронро аз дӯши худ афкандан мехоҳад. Сонӣ, чунон ки ба сухан сар карда буд, якбора хомӯш монд.
Кабир беқарор аз курсӣ бархосту дар хона қадам задан гирифт.
— Нокаси падарлаънат... Худаш духтар калон накардаст магар?
— Духтар дорад. Дар Институти тиббӣ. Ҳамона намегиред? — Занҷир хандид.
— Мазоҳ накунед, — гуфт Кабир ранҷидахотир ба чашми духтар нигариста. Сонӣ насиҳатомез ба сухан даромад:— Шумо ҳазл мекунед, лекин бисьёр мардон инро аломати сабукхӯӣ мепиндоранд, бинобар он...
— Чӣ бинобар он?
— Чашми тамаъ доранд.
— Наход? — ранги Занҷир канд, ӯ аз алам лаб газиду чи гуфтанашро надониста хомӯш монд.
Кабир ҳанӯз ҳам ҳим-ҳимкунон дар хона қадам мезад.
Сонӣ рӯ ба рӯи духтар истоду гуфт:
— Занҷир... Ман отпуск мегираму ба деҳаатон меравам. Вай нокасро дида, як бор таъзир медиҳам. То ӯро аз карда пушаймон накунам, зиндагӣ ба ман ҳаром аст.
Аз дили Занҷир гузашт, ки Кабир ба ҳақиқати суханони вай бовар надорад, аз ин сабаб ба деҳа рафта, асли воқеаро аз даҳони дигарон фаҳмидан мехоҳад.
— Сонӣ? Сонӣ чӣ мекунед? — кинояашро пинҳон дошта пурсид Занҷир.
— Сонӣ меояму... агар розӣ бошӣ, тӯй! — Кабир аз киноя ва заҳрханди духтар бехабар, бори нахуст ба вай «ту» гӯён муроҷиат кард ва барои маънӣ гирифтан ба чашми ӯ нигарист.

пешина
аз 538
навбатӣ