Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Наход ки ӯ маро як духтари гӯлу гаранг пиндорад?.. Наход ки маро бефаҳм ангорида, бозори худситоияшро ба рӯи ман кушода бошад? — мегуфт вай худ ба худ.— Агар вай ин суханони калонгирона ва наҳсзаниҳояшро дар ҳузури дигарон ҳам мегуфт, гап дигар буд. Хайр, балки мегуфтагист, ман чӣ медонам.
Вай акнун ман катӣ наздик мешаваду дилашро мекушояд. Дар деҳа акои Рустам ҳам ҳамин хел, ҳар чӣ дар дилаш бошад, берӯихотир хоҳӣ дар кӯча, хоҳӣ дар маҷлис мегуфт...»
Деҳаро ба ёд оварду дили Занҷир ғашнок шуд.
«Кабир ба деҳа рафта чӣ кор мекарда бошад? Агар мардум шиноси вай буданашро фаҳманд, чӣ мегӯянд?
Боз валвала, боз гирди номи вай ғайбат меҷӯшад...»
Кабир беором сухан мегуфт.
«Ғалатӣ, агар Кабир директори фабрика таъин шавад, чунон ки мегӯяд, ними коргаронро аз кор меронда бошад? — гаштаю баргашта аз худ савол мекард Занҷир. — Ирина мегӯяд, ки агар одамро санҷидан хоҳӣ ба вай мансаб бидеҳ. Наход Кабир ҳамин хел одам бошад? Агар ҳамсари вай шавам, як умр ба ҳамин минвол беҳудагӯии ӯро гӯш карда мешинам? Ва ё мегӯям: «Бас аст, маро гӯлу гумроҳ нашумор. Мард дар хилвати ҳамсараш ҳам, худ ба худаш ҳам, ҳамон суханеро мегӯяд, ки аз гуфтани он дар рӯ ба рӯи мардумон хиҷолат накашад». Агар ҳозир бигӯям, чӣ мешавад?.. Аммо... аммо барои ин кор ғалат будани гуфтаҳои ӯро исбот кардан лозим. Аслан, ҳама даъвои ӯ

пешина
аз 538
навбатӣ