Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мегиранд. Ба ростӣ, об овардагию кӯза шикастагӣ баробар. Агар ман директор мебудам...
— Нависанда мешудед? — суханро бо ҳазл бурда хандид Занҷир.
— Мегӯянд, ки аз паси мансаб на фақат нависанда, балки академик мешудаанд. Бовар кунед ба ман, ин хелҳо ҳастанд....
Дар назар чунин менамуд, ки ҳоло Кабир дар рӯ ба рӯи духтараки як сол қабл аз деҳа ба шаҳр омада не, балки аз минбари баланде ба тамоми башар хитоб дорад.
Бо эътимоди кулл, бе хиҷолат, беибо сухан кардани ӯро агар аз канор касе медид, балки гумон мебурд, ин ҷавон дар рӯ ба рӯи одами зинда неву дар муқобили ҳайкали берӯҳест ва ӯ ба ин ҳайкали беҷон дарди дилашро холӣ мекунад.
— Вазорат ҳаст, чандин идораҳои дигар... — ба даъвои ислоҳотталабонаи ӯ эътироз баён кардан хост Занҷир.
— Инҳо ба вазорат мераванду даст ба сина ниҳода, фақат хуб-хуб мегӯянд. Агар ман дар ҷои инҳо мебудам, ба тарзи қатъӣ мегуфтам: «Рафиқ вазир, ба ин тарз кор кардан ғайриимкон аст, чунину чунон...»
Дафъаи гузашта ва аз он пеш ҳам Занҷир ин тариқ суханрониҳои дабдабаомези ӯро бо шавқ гӯш мекард, вайро ҳамчун як ҷавони донишманд ва пурғайрате, ки хирад ва нерую матонати худро алҳол имкони кор фармудан надорад, эҳтиром мепазируфт. Аммо тадриҷан Кабир аз ҳаддаш мегузашту ба дили духтар шубҳа меандохт. Худситоии беқиёс ва ҳамаро наҳс задани ӯ, як корхонаи калон ва коргарони онро аз хурд то бузург ба ҳеҷ фуроварданаш вайро сахт дар андеша афканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё