Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
русҳо мегӯянд: всем сестрам по серьгам! Ҳар як ҳисобдор, посбон, ходимони идора соле ҳазор-ҳазор мукофот мегиранд. Хуб, ман ҳам, шумо ҳам мегирем, лекин ба он кор дахле надорем! Яъне, ғайриқонунӣ... Чӣ механдед? — Кабир, бо лабханд ба саҳифаи китоб чашм дӯхтани Занҷирро диду суханрониашро қатъ карда, пурсид.
— Э, ҳамту... Романи ғалатӣ будаст.
— Беҳуда нахонед. Ҳамааш гапҳои бофта. Барои пул гирифтан менависанд. Айнию Турсунзода адибони ҳақиқӣ буданд, дигар ҳамааш аз ҳаво гирифта менависад
— монанди ҳамаи ашхоси дар ин боб бевуқуф вай аз рӯи шунида яқин дошт, ки дар адабиёт дигар осоре хонданӣ эҷод нашудааст.
— Барои чӣ? Ана, ин воқеаи китоб барин воқеа айнан дар деҳаи мо рӯй дода буд. Мо шоҳиди ҳодиса бошем ҳам, сабабҳои аслии онро намедонистем ва барои донистан ақламонро намедавондем. Нависанда чунон таҳлил карда решаашро ёфтааст, ки ҳайрон мешавед.
— Аҷаб не, аз садта яктааш дуруст барояд. Ҳозир мақсади ҳама — зиёдтар пул ёфтан. Ҳар касе пул дорад, вазифа дорад, нависанда ҳам мешавад, олим ҳам.
— Барои китоб навиштан истеъдод даркор аст, мегӯянд. Беистеъдод намешавад. Истеъдодро ба пул харида наметавонанд, дар базаҳо ҳам нест, — хандонхандон таъкид кард Занҷир.
— Ҷони ширин, агар пул ё мансаб дошта бошед, ба шумо китобро навишта медиҳанд. Масалан, ман ҳам метавонам як чиз-ним чиз нависам. Агар нависандаю журналистон зери дасти ман бошанд, лабу лунҷи онро соз карда, чоп кардан мегиранд, таъриф мекардагӣ касон ҳам ёфт мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё