Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳисоботро тайёр кунам, аз аввали моҳи дигар маро ба отпуск рухсат медиданд. Агар ман набошам, сарҳисоби корашонро дар сад сол ҳам намеёбанд. Ҳама бюрократҳои кӯрсавод ғун шудаанд. Отпуск мегираму ба деҳа меравам. Агар шумо муқобил намебудед, ман ба комитети партиявии район даромада, гапзанон мекардам. Агар котиб ба прокуратура як даҳан амр кунад, дар бадали як ҳафта пояшро аз ҳаво меоварданд...
— изҳори ният мекард Кабир.
Занҷир ҳоло суханони ӯро чандон бовар надошт, ба ҳар ҳол, гуфтораш бо кирдор чӣ андоза мувофиқ меояд, минбаъд озмуданӣ буд, бинобар он, суханашро бешавқ, гӯё ба вай дахле надошта бошад, зоҳиран беалоқа гӯш мекард.
— Боз план иҷро намешудагӣ барин. Рости гап, директорамон — одами латта. Ҳар кас ба сари худ, сари ӯро гардонда, гапашро маъқул мекунад. Ба ҳеҷ кас суханаш намегузарад. Коргарон ба ғайр аз фиребу қаллобӣ, ба чашми маъмурият хок пошидан, дигар мақсад надоранд. Ман агар директор мебудам, ними ин ландаҳурҳоро аз кор мерондам. Ана, сонӣ дар фабрика тартиб ҷорӣ мешуд. Мудири хоҷагӣ, мудири анбори хомашьё, мудири анбори матои тайёр — чунон равған бастаанд, ки акнун аз ҳеҷ бало намеҳаросанд. Даҳони ҳамаро баста гирифтаанд. Ҳамаашон аз якдигар забонкӯтоҳ-дия. Чор-панҷ кас ягон хел усули осони корро меёбанд ё ягон навъи бозоргири атласро мебароранду сад- саду панҷоҳ кас мукофот мегиранд. Ба қарибӣ нусхаи атласи марғилонро тақлид карда ҳамчун навоварӣ ҳама бо подош сарфароз гардиданд. Чунон ки

пешина
аз 538
навбатӣ