Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир, фақат Занҷир аз паси пардаи тиреза вазъи падарро мушоҳида карду дарьёфт, ки ҳоли ӯ чист ва додараки ҳафтсолаашро фиристод, ки ӯро ба дарун даъват кунад. Баъд падарро, маломат карду гуфт:
— Ранҷад, ранҷидаст, барои ҳамин ин қадар парешонед? Дар шаҳр директорро аксар коргарон ба тӯяшон хабар намекунанд.
— Дар ин ҷо бе раис чӣ хел мешавад, духтарам? — сархаму малул оҳ кашид Имомалӣ. — Раисамон одами нағзанд, беозор, одил...
— Аввало, агар одами нағз бошад, аз шумо намеранҷад. Сониян, агар ранҷад, ранҷидан гирад.
Худатон гӯед, ҳамин қадар сол дар саратон раис аст, шахсан ба шумо чӣ кӯмак кард, чӣ некӣ кард, дар кадом кор амалан фоидааш расид? А? Бигӯед, ҳа? — падарро ба истинтоқ гирифт Занҷир.
— Фоидааш нарасад ҳам...
— Зарараш нарасад, ман — розӣ! Ҳамин тавр гуфтаниед-а? Ин тавр агар бошад, ман ба шумо кафолат медиҳам, раис ба шумо зараре намерасонад. Имрӯз вай раис аст, фардо якеи дигар.
— Э, ин бисту шаш сол аст, ки раис аст, — гуфт ноумедона, беҳол садо бароварда Имомалӣ.
— Сад сол раисӣ кунад ҳам, ёрдами аз вай мерасидагӣ
— дар тӯй як мошин ҳезум! Барои ҳамин ҳам мард ғам мехӯрад?! — ба таъкид мепурсид Занҷир. — Замони бедарак ба шаҳр рафтанам ҳолатонро пурсида буд? Не.
Агар дар ҷои шумо ман мебудам, ба тӯй хабар ҳам намекардам! Бас аст, саратонро баланд бардореду қадру эътиборатонро дигар дар пеши ҳеҷ одам паст накунед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё