Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мегуфт, аммо хотираш парешон буд. Сухани атрофиёнро аз як бор намефаҳмид, бо чашми кушода мегашт, аммо ҳеҷ чизро намедид. Аз дилаш мегузашт, ки дигарон тӯй дода, дилҷӯию дильёбӣ мекунанд, калононро иззату ҳурмат карда, ба шахси худ ҷалб месозанд, аммо вай баръакс раисро ранҷонд. Раисро ранҷонда, дар ин колхоз чӣ хел кору зиндагӣ мекунад? Кампир ҳам наандешид. Хато кардем, хатои сахт гузашт. Боз корам ба ҳамин калонҳо меафтад, бе инҳо ҳеҷ кас ба доди ман намерасад. Ба мол алаф даркор шавад ҳам, барои иморат шифер ё чӯбу тахта — ҳамааш бо иҷозати раис...
Ман аҳмақам, худам бехабар банги девона хӯрдаам, дигар гап не.... Албатта, Бадалбек катӣ вохӯрда, даст додан ҳам кори мушкил аст, лекин чӣ чора, модом, ки раис ганда катӣ баробар нашав гуфтанд... Не, раис наоянд, тӯй карданам беҳуда, худам ҳам хурсанд намешавам. Ана, ҳозир ҳам, гӯё дар ҳавлӣ тӯй нею азо бошад. Чӣ кор кунам? Ё очаам катӣ гап занам, гапу кор чӣ фаҳмонам, кампирро розӣ кунаму ба пеши раис равам, узру маъзур гӯям, биёяд, дар сари тӯй истад, дӯсту душман бинанд... Одамон агар фаҳманд, ки раис ба ман пушташро гардондааст, аз назар меафтам, дигар одам ҳисоб намекунанд, қатори як девона ё песу махав кӯдакаш ҳам аз қафоям кулух меғурронад...
Имомалӣ ҳар қадар ҷаҳд мекард, вале хотир аз ин васваса фароҳам гирифтан наметавонист, ӯ ояндаву равандагонро «хуш омадед» мекард, ба муборакбодиҳо ҷавоб медод, наздикон маслиҳате агар пурсанд, фикр медод, аммо хаёлаш беҷо, беқарор гоҳ дарун мерафт, гоҳ берун мебаромад, чӣ кор карданашро намедонист.

пешина
аз 538
навбатӣ