ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Инсон ҳама умр хешро фанд кунад,
Дасту дили худ ба ҳирс побанд кунад,
Хуш бод касе, ки ғуссаро бӯса кунад,
Хуш бод касе, ки заҳрро қанд кунад.
Барге ба ҳавас чу боли парвоз кушод,
Сад боли ҳавас ба олами роз кушод.
Аммо чӣ дареғ, рафту бар хок афтод,
Барге, ки пари хеш ба сад ноз кушод.
Гар пухта расидаӣ, чӣ бок афтодан!?
Зебову расида мисли нок афтодан!?
Ҳаргиз накунам ҳавас ба парвози барг,
Як лаҳза паридану ба хок афтодан!?
Ман маҳбасаму ба маҳбасам зиндонам,
Зиндонии дарду ҳасрату армонам.
Озодам кун, вагарна ин зиндонро
Бо таркиши як гулӯла дил тарконам.
Аз чашми бади касон гурезон худро,
Дар дидаи поки ман, биё, мон худро,
Дар дидаи поки ман ту ашки покӣ,
Аз дидаи ман дигар марезон худро.
Буд акси ту дар ойина чун андар об,
Дидам, ки дар он ғарқ бигаштӣ ба шитоб,
Мехостам аз дасти ту дорам, бикашам,
Ойина фурӯ бурд туро чун гирдоб.
Гар мард туӣ, ба пеши зан зону зан,
Бигзар зи ғуруру ҷону тан, зону зан,
Мафҳуми Ватан чист, агар модар нест?
Яъне, ки биё, пеши Ватан зону зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё