Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун барф буборед, чу меборад барф,
Файзу фараҳи сафед меорад барф,
Бо барф буборед, ки бо дасти Худо
Бар рӯйи замин умед мекорад барф.

Ин сонияҳо нафас-нафас меоянд,
Чун мурғи парида аз қафас меоянд,
Гоҳест чу занбӯр асал меоранд,
Гоҳест газанда чун магас меоянд.

Бо абр даме ту гиря кардӣ, ё не?
Бо дарди ғаме ту гиря кардӣ, ё не?
Он гуна, ки худ зулол гардӣ чун ашк,
Бо сад аламе ту гиря кардӣ, ё не?

Ҳар санг ниҳон ба сина розе дорад,
Дар умқ чӣ розу чӣ ниёзе дорад?
Каф мону шунав, набзидил ояд аз санг,
Ин санг чӣ сӯзишу гудозе дорад!

Моем, ки осиёби гардони худем,
Чун дона ба зери хеш талқони худем,
Мо орд кунем хешрову бипазем,
Худро бихурем ҳар нафас, нони худем.

Ҳар қатра умеди рӯйи дарё дорад,
Ҳар қатра ба ҷамъи қатра маҷро дорад.
Ӯ ҷамъи ману ту, ҷамъи мо ҷомеаем,
Ангушти ҷудо-ҷудо чӣ маъно дорад?

Имрӯз, ки ман ғариқи дарёи худам,
Во рехта чун бало ба болои худам,
Дар ҷойи худ истода беҷойи худам,
Аз ашки ба по рехта дар лойи худам.

пешина
аз 218
навбатӣ