Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оҳе будам, саҳоб кардӣ моро,
Борон-борон ту об кардӣ моро,
Бар дашту биёбон ҳама ҷо рехтиям,
Як сурати чун сароб кардӣ моро.

Ту бехабарӣ, соҳати дунё дили мост,
Густурда пайи тоати дунё дили мост.
То дер намонем ба вақти дидор,
Дар сақфи замон соати дунё дили мост.

Бо нанг нахестӣ, чӣ хезад аз ту?
Нашкуфтаӣ чун нахл, чӣ резад аз ту?
Мардона гузар зи ҷодаҳои ҳастӣ,
Он гуна, ки марги ту гурезад аз ту.

Эй мурғи қафас, бо ту ҳаме ҳамнафасам,
Ман мисли туям, бе қафасе дар қафасам,
Озодагиям ба даҳр озодӣ нест,
Бандии паси панҷараҳои ҳавасам.

Дидам, дари ман ба рӯйи ман баста бувад,
Дидам, сари ман аз тани ман ҷаста бувад.
Дидам, ки маро кушт, маро кушт, дареғ,
Он тир, ки аз камони ман раста бувад.

Худро бираву зи моварои худ ёб,
Худро ту зи дил, на аз намои худ ёб.
То баргардӣ ба хонаи мулки азал,
Худро зи варои худ барои худ ёб.

Эй дӯст, бидон, ки мо навидем ҳама,
Раҳ ёб, ки аз фано раҳидем ҳама.
Рӯзе, ки ба қулфи худ расидем ҳама,
Маълум шавад, ки бе калидем ҳама.

пешина
аз 218
навбатӣ