ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Поиз андар ман бувад, дар ман хазонафшон,
Дар ман аст ин озарахш, ин абр, ин борон...
Тирамоҳам.., акс дорад дар нигоҳи ман
Обшори хандаҳо, чашми нами ёрон.
Эй нигори зарнисорам, тирамоҳи ман!
Ин туӣ, ёри биҳиштӣ, сарпаноҳи ман!
Оҳ мехоҳам бимонӣ дар никоҳи ман!
Оҳ мехоҳам, ки бошӣ дар нигоҳи ман!
Тирамаҳ мисли зане озода аст,
Пои урён дар канори ҷода аст.
Эй Худо, оғӯши атрафшони ӯ
Бо чӣ хушбахте чунин бикшода аст.
Тирамоҳ, эй нозанини зиндагӣ!
Хандаҳои вопасини зиндагӣ!
Баргҳоят панҷаи дастони кист
Баҳри таскин дар ҷабини зиндагӣ?
Ишқ ҳам дорад хазорез, эй Худо!
Баргҳоро бар сарам рез, эй Худо!
Чун шиори ишқ дар шохи баланд,
Бар маро бо рамз овез, эй Худо!
Дар чаман монам – намонам, эй Худо!
Бо хазонрезат хазонам, эй Худо!
Дар лабонам қиссаи падруди ишқ,
Турнаосо парфишонам, эй Худо!
Ҳамчу баргат уфтода аз дарахт,
Ҷони худ бар бод дода аз дарахт,
Мепарам бо орзуҳои шигифт,
Боли озодӣ кушода аз дарахт.
Заврақи баҳри кабуди осмон,
Меравад абре чу дуди осмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё