ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ХАЗОНРЕЗИ ТИЛОӢ
Ба пирӣ мебарад ин раҳ, ба пирӣ,
Ҳанӯз амри ҷавонӣ монда бо ман.
Биё, эй ёри дери дери дерӣ,
Ки ишқи арғувонӣ монда бо ман.
Хазонафшони фасли тирамоҳам
На камтар аз гулафшони баҳор аст.
Биё, дар баргҳои зарди оҳам
Навои хандаҳои интизор аст.
Биё, аз шохсори тирамоҳам
Ба дӯшат як кафи шодӣ бичоншам.
Дили ман лонаи хуршеди ишқ аст,
Тали васлат талоӣ аз талошам.
Биё, аз гулшани табъам гузар кун,
Зи боғи розҳо гул чину гул чин.
Биё, аз ин баёзи меҳрпарвар
Бичин садбарги нусратбору насрин.
Биё, аз ин шафақрези тилоӣ,
Тилоӣ шав, тилоӣ шав, тилоӣ.
Биё, дар рӯ ба рӯи ту кушоям
Даре то бекарон, беинтиҳоӣ...
АФСОНАИ ХАЗОНРЕЗ
Қитъаҳо
Афсуни зиндагонӣ афсонаи хазонрез,
Аржангҳои Монӣ дар хонаи хазонрез.
Худро раҳо намоям бо барг-барги поиз,
Чун нахл қад фарозам дар шонаи хазонрез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё