Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Марде дидам, дар лаби ӯ қанди салом,
Худ низ хуҷаста буд монанди салом.
Аз ӯ ҳама раҳ нуру сафо меборид,
Чун дошт ба лаб файзи шакарханди салом.

Дидам зи лабе шукуфаҳо меборад,
Бо зикри накӯ файзу сафо меборад,
Шукри ту ба лаб мисоли тӯмори Худост,
Аз шукр саодати Худо меборад.

Хоре буд гул, ишқ агар реша набуд,
Месӯхт замин, ишқ агар пеша набуд,
Фарҳод чӣ гуна ҷӯйи сангин меканд,
Дар панҷаи ӯ ишқ агар теша набуд.

Эй ишқ, ту мардона маро овардӣ,
Бо шаҳпари афсона маро овардӣ,
Гӯям ба кӣ арзу доди худро акнун,
Аз хона ба вайрона маро овардӣ.

Нақди сафарам бирехт, дар роҳе монд,
Шӯру шаафам ба ҳукми гумроҳӣ монд,
Нурам ҳама дар зулмати бегоҳӣ монд,
Аз ишқи ту дар бисоти ман оҳе монд.

Имрӯз ҳавои табъи ман боронист,
Имрӯз ваҷоҳати чаман боронист,
Дар фаси гусели мурғакони кӯчӣ
Кӯҳу талу гулшани ватан боронист.

Дар дидаи ман нуҳуфта бас борон аст,
Дар ҳасрати ман ҳавас-ҳавас борон аст,
Кас нест ғами ҷону диламро шӯяд,
Дар домани яъс додрас борон аст!?

пешина
аз 218
навбатӣ