ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Чун ҷӯйи равона хешро ҷӯй охир,
Чун чашмаи кӯҳ рози худ гӯй охир,
Чун абри баҳор ғусса мемӯй охир,
Чун шохи дарахт аз худат рӯй охир.
Ин роҳ, ки нест рост аз ман то ман,
Роҳест, ки нонамост аз ман то ман,
Раҳ ҷониби ҳар куҷост аз ман то ман,
Раҳ ҷониби нокуҷост аз ман то ман.
Ту ташнаи оби худ равонӣ, эй рӯд,
Дар меҳани худ зи худ чӣ монӣ, эй рӯд?
Рафтӣ, зару сими меҳанатро бурдӣ,
Рафтиву ба коми дигаронӣ, эй рӯд.
Зӯрӣ чу гузашт, зораву тоат монд,
Фатво чу гузашт, фоқату фурқат монд.
Бо бод бирафт, лек аз ёд нарафт,
Ҳарчанд ки рафт бардагӣ, одат монд,
Хезу ба дав о, ки бар даво кай бирасӣ!?
Хезу ба нав о, ки бар наво кай бирасӣ!?
Розӣ чу зи хешӣ, бар ризо кай бирасӣ!?
Хезу ба худ о, ки бар Худо кай бирасӣ!?
Он гаҳ, ки паранда мешавад дастонат,
Болу пари ханда мешавад дастонат.
Чун мурғи раҳоёфта аз шохаи яъс
Баргест, ки канда мешавад дастонат.
Ман бошаму ту, ба боғи борон бошем,
Дар шустани доғ-доғи ёрон бошем,
Бо пойи тиҳӣ давем аз кӯҳу дара,
Дар хоки ватан курӯшу торон бошем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё