Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар роҳу роҳравҳои маҳбас гулҳои ранги ба ранги зиёде сабзондаанд.
Марди руси шиносашон ҳам гулро дӯст медоштааст.
Боре дар рӯзҳои дар маҳбас будани эшони домулло Мирзо ҳодисае рух медиҳад, ки баъди он марди рус он касро беш аз пеш эҳтиром мекардагӣ шудааст.
Дар наздикиҳои маҳбас мезистааст, ҳавлӣ доштааст ӯ. Рӯзҳои баҳор будааст. Тифли хурдсолаш бо ҷӯраҳояш миёни алафҳо бозӣ, давутоз мекардааст. Ана дар ҳамин ҳангом ӯро мор газидааст. Модари писарак дасту похурда шуда чӣ карданашро намедонистааст. Духтури маҳбас ҳам куҷое рафта, набудааст, ӯро ҷустаанд, наёфтаанд. Ҳоли писарак ба танг меомадааст. Касе гуфтааст, ки эшони домулло Мирзо табиб ҳам ҳастанд, афсуни морро медонистаанд, морро афсун мекардаанд, дуо хонда заҳри морро аз тани тифл берун карда метавонистаанд, ба он кас муроҷиат кунанд, фурсатро аз даст надиҳанд. Ноилоҷ монда будаанд. Он кас хоҳиши модари тифлро рад карда натавонистаанд, эшони домулло мефармоянд, дар хонаи хоби тифл ба ғайр аз бурёе дигар чизе нагузоранд. Бурёро миёни хона густурда моргазидаро рӯи он хоб кунондаанд, баъд ба дуохонӣ шурӯъ намудаанд, дам нагирифта бо як зарб дуои афсуни морро мехондаанд. Аз ҷой наҷунбида, нахеста чи қадар болои сари писараки рус дуои дам хондаанд, намедонистанд. Ва ниҳоят вақте расида, ки море ки писаракро заҳр зада будааст, пайдо шуда ҳалқа зада сипсиёҳ гашта афтода. Писарак аз марг наҷот меёбад.
Имрӯз ҳам мардум аз деҳаи Нилкон номи эшони Султон, аз деҳаи Рангон, номи набераи эшони Калон ва аз деҳаҳои Тангаӣ ва Оқтоқ боз чандин номҳоро зикр менамоянд, ки онҳоро мор газида будаасту бо даму дуои падарам шифо ёфтаанд ва мор бо афсун наздашон пайдо мешуда.

пешина
аз 182
навбатӣ