Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мор ҳам афсун дошта.
Падарам дар он лаҳзаҳое, ки лаҷоми аспро кашида рӯ ба биноҳою гулгаштҳо фотиҳа мехонданд, мегуфтанд, дар вақташ ҳар шаб садҳо одамонро ба ин ҷойҳо оварда мефармудаанд, ки баҳри худ гӯр кобанд ва баъд паронда мешудаанд. Онҳоро якҷоя, рӯи ҳам гӯр мекардаанд.
Ёд меоварданд, ки ҳар шаб, баъди қарори пои мардум маҳбусонро дар саҳни маҳбас қатор мекарданд, якяк номҳояшонро хонда аз дарвоза мебароварданд ё ба аробаҳои рӯйпушида савор мекарданд, эшони домулло Мирзо ҳам дар қатори одамон ҳозир, вале чун номашон зикр намеёфтааст, дар ҷои исташон мемондаанд, боз ба кулба-ҷойхобашон бармегаштаанд. Ба гуфтае ҳар шаб дар қатор истода ҳазор бор аз ҳаёт дасту дил мешустаанду боз ба танашон ҷон омада, зинда мемондаанд.
Як шаби торик, ки ҳаво пурабр буд, борон меборид, номи эшони домулло Мирзо низ хонда мешавад. «Мирзои Мирҳайдар» ном мебаранд, «ман», мегӯянд, вале ба пеш қадам монда наметавонанд. Пошиканак мешаванд, забонашон баста. Пеш меоянд ду нафар, тела дода-тела дода эшони домулло Мирзоро ба ароба бор мекунанд.
Дар ҳамон шаби борон, онҳоро ба ҳамин ҷое, ки ҳоло рӯ ба бинои баланд, даст ба дуою фотиҳа кушода буданд, меоранд. Пой ба пой баста мешаванд қатори ба назар беохири одамон. Ва дар ҳамин ҳол ба дасти ҳар кадоме бел медиҳанд, мефармоянд, ки барои худ гӯр кобанд. Онҳо ҳама гӯр канданд. Баъд садои баланд гаштани тир, як-як одамон паронда мешуданд. Эшони домулло Мирзо ҳам лаби гӯр, дар лаби чуқурии баҳри худашон канда бо як азобе ба по меистоданд, калима арза мекарданд, калимаи шаҳодат дар забон навбат мепоиданд.

пешина
аз 182
навбатӣ