БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Оҳи ба дард мекашиданд.
Сабабашро баъд гуфтанд, ба ёд оварданд ҳамон рӯзҳоеро ки он касро аз деҳаи Оқтоқ ба Душанбе – ба ҳабсхона оварда буданд.
Пеш аз омаданашон ба маҳбас аллакай кулли маҳбусон огоҳ шуда будаанд, ки эшони домулло Мирзоро меоранд, ҳама ба истиқболашон баромаданд ва шӯре хеста. «Наход эшони домулло Мирзо ҳам дастгир шуданд. Мардум он касро пинҳон карда натавонистанд?»
– Тааҷҷуб мекарданд ва ба худ ҳарф мезаданд. Дар маҳбас ҳама аз паси эшони домулло Мирзо намоз мегузоштанд, рӯзҳои ҷумъа ё Иди Рамазону Қурбон ҳазорҳо нафар ғун меомаданд. Эшони домулло Мирзо пешво, имомашон. Русҳо, аз он ки маҳбуси нав овардаашон миёни мардум ин қадар обрӯю эҳтиром доштааст, ба ҳайрат афтоданд, медиданд, ки бо «Аллоҳу акбар» гуфта хам шудани он кас ҳазорҳо нафар хам мешуданду сар ба саҷда бурда боз сар мебардоштанд, рост мешуданд. Ва ҳамон марди русе, ки ҳангоми дар деҳаи Оқтоқ дастгир шуданашон дилсӯзона хору хаси ришу рӯяшонро чида, аз соҳибилм ва соҳибмартаба буданашон ҳикоятҳо шунида буд, он касро дар маҳбас «болшой командир» ном дода буд. Падарам гулро дӯст медоштанд, гулпарвар буданд. Дар ҳавлиамон гулҳои садбарги гуногунранг шинонда, худашон онҳоро нигоҳубин мекарданд. Ва ҳоло ҳам дар ҳавлиамон ва дар баъзе ҳавлиҳои аҳли деҳа нишонае аз гулҳои он кас мондаанд. Рӯзҳои дар маҳбас буданашон падарамро ҳамон марди руси шиносашон ба гулпарварӣ, нигоҳубини гулҳои назди идораҳои маҳбас вобаста кардааст. Забони гулро медонистанд, ҳисоби онҳоро зиёд карда канори роҳу роҳравҳо гул шинондаанд, бехи онҳоро бо белу каланд нарм карда, об медоданд, шохаҳои гулҳоро бурида, қаламча карда, онҳоро шинонда, аз пагоҳ то бегоҳ бехи буттаҳои гул меҷунбиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё