БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Бобои Раҳмон корҳои хайр ҳам мекард, дар деҳаи Дуоба масҷид сохта буд. Вале одамон ҳамин пораи замини Тутакро, ки Раҳмон-Гитлер масҷид созед гуфта буд, соҳиб шуданд, аз они худ карданд. Дарахти тути дар гузашта дар миёни дашт ягона – тутак миёни дарахтоне, ки имрӯз сабзондаанд, ба назар нонамоён гаштааст, як вақте мазор будани он фаромӯш шуда. Шояд онро бурида аловӣ ҳам мекунанд. Одамон ҳамин хеланд, носипос, беандеша, худхоҳ, нишонаҳо, ёдгориҳои гузаштаро ҳам барҳам медиҳанд.
Он рӯзи баҳор ҷасади ба хун оғӯштаи Ҳоҷимаҳмудро аз зери ҳамин дарахти тут ба деҳа бурданд. Ва аҳли деҳа Ҳоҷимаҳмуди шаҳидро дар дохили мазори Ҳазрати Хӯҷарӯшноӣ ба хок супурданд.
Имрӯз аз Ҳоҷимаҳмуд фарзанд ҳам намонда, як фарзанди ӯ, ки Эмом ном дошта, яке аз муаллимҳои аввали ҷамоаи Роҳатӣ будааст, ихтиёран ба ҷанг рафта дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гаштааст. Мардум гоҳе гап дар масъалаи шараф, нангу номуси аҳли деҳа равад, номи Ҳоҷимаҳмудро ба забон меоранд. Дар ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд, ки дар паси девори масҷид ҷойгир буд, аввал яке аз хешовандони наздики ӯ, набераи Моҳи Мулло муаллим Саъдуллои Ислом мезист. Баъд ӯ бо аҳли оилааш аз деҳа рафт. Алҳол дар деҳаи Мачитон мезиҳад. Синну солаш қарибе ба сад расида. Фарзандони баркамол дорад. Якеи онҳо Шамсулло, фарди ба аҳли илм маълум, олими намоён. Ӯ дар шӯъбаи маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад. Дар ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд имрӯз бобои Яҳё зиндагӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё